Имрӯз, дар толори Шӯрои олимони донишкада конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи касбии геологҳо бо ташаббуси кафедраи геология ва корҳои нафту газ баргузор гардид. Конфронсро нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, иброз намуданд, ки бо дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар кишвар тамоми соҳаҳо рушд намуд, ки ин бахти баланди миллати тоҷик мебошад.
Ҳамзамон, ректори донишкада қайд намуд, ки соҳаи геология низ аз зумраи илмҳоест, ки кунун барои расидан ба истиқлолияти комили иқтисодӣ дар кишвар мусоидат менамояд. Дар интиҳои суханронӣ рекори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳозиринро ба Рӯзи касбӣ табрику таҳният гуфта, ба мутахассисони геология изҳори сипомандӣ намуд. Ҳамчунин, қайд намуд, ки маҳз талошҳои геологҳои асил ва меҳандӯст барои рушди соҳа мусоидат мекунад ва фақат олимони тоҷик метавонанд аз ин соҳа барои рушди Тоҷикистон самаранок истифода намоянд. ..
Сипас, суханро ба намояндаи Мақомоти иҷроияи вилояти Суғд Набиев Мирзотоҳир дод, ки мавсуф Паёми табрикотии раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ҳозирин расонида, тамоми олимон ва геологҳоро ба Рӯзи касбияшон табрику таҳният гуфт.
Ҳамзамон, дар конфронси имрӯза профессор Насриддинов Замониддин дар мавзӯи “Хосияти геологию менарологии ёқутҳои кони Барфӣ, Помири Шарқӣ”, профессор Олимов Абдумалик дар мавзӯӣ “Ҳамгироии илм бо истеҳсолот ва замина барои рушди соҳаи геология”, Восихов Шоҳрух дар мавзӯи “Татбиқи барномаи “Micromine” дар раванди корҳои геологӣ-иктишофӣ”, Отаев Анвар дар мавзӯи “Саҳми геологияи тоҷик дар рушди саноатикунонӣ дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “, Усмонов Н.Қ. дар мавзӯи “Саҳми мутахассисони соҳаи геология дар рушди Тоҷикистон” баромад намуданд.
Зимн баргузории конфронс омӯзгорон ба маърӯзагарон суолҳо дода, оид ба хосиятҳои табии ва шифобахшии сангҳои Тоҷикистон, маъданҳо, минералҳо ва имкониятҳои нафтиву газ пурсон шуда, аз ҷониби мутахассисон посух гирифтанд.
Зимни баргузории конфронс таъкид карда шуд, ки бори аввал маҳз бо ташаббуси роҳбарияти донишкада бахшида ба Рӯзи касбии геологҳо конфронс гузаронида шуд.
Шуъбаи иттилоот