Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони ” Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар иқтисодиёти саноатӣ: 20-соли фаъолияти самарабахш ва дурнамои он дар кишварҳои ҳамҷавор” бахшида ба 20- солагии таъсисёбии СҲШ ва 30- солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст чорабиниро ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, дар бораи вазифаҳои асосии СҲШ, кишварҳои узв, нақши созмони мазкур дар таъмини амнияти минтақавӣ ва занҷираи риштаи тиҷоратии кишварҳои узв сухан ронда, нақши Созмони ҳамкориҳои Шанхайро дар тавсеаи ҳамкориҳо муассир арзёбӣ намуданд.
Сипас, директори ҷониби чиноии Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Рен Гентян суханронӣ намуда, аз нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафти кори созмон ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии мардумии Чин ёдовар шуд.
Профессор Розиқов Зафар дар бораи муаммои истифодаи оби тоза ва ҳалли он дар кишварҳои аъзои СҲШ ва барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли муаммоҳои мавҷуда маърӯза хонданд.
Дар конференсияи имрӯза ҳамчунин директори ҷониби тоҷикистонии Донишкадаи Конфутсий дар назди ДКМТ Валиева Мастура дар бораи рушди илму маориф ва ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар доираи барномаи СҲШ, муовини ректор оид ба таълим Насриддинов Замониддин дар бораи функсияҳои асосии СҲШ ва нақши он дар ҳалли масоили глобалӣ, Умарҷонов Абдусафо дар бораи 20 соли фаъолияти пурсамари СҲШ ва суботи иқтисодӣ дар минтақа, раиси иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад дар бораи имкониятҳои истифоданашудаи кишварҳои узви СҲШ ҷиҳати пешбурди соҳаи саноат маърӯза хонданд.
Дар интиҳо ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷиҳати иштирок ба омӯзгорону профессорон ва меҳмонон изҳори сипосмандӣ намуда, таъсисёбии Созмони ҳамкориҳои Шанхайро дар шароити феълии ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ намуда, таҷлили таъсисёбии 20 солагии онро барои давлатҳои аъзо табрик намуданд.
Шуъбаи иттилоот