КОНСТИТУТСИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – БАХТНОМАИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН

Контитутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади сарнавиштсози давлату миллат 6 ноябри соли 1994 бо тариқи райпурсии умумихалқи муҳокима ва қабул гардид ва барои пешрафти Ватани маҳбубамон заминаи устувор ва фароҳам овард. Ин санади муҳим дар зарфи 30 соли мавҷудияти худ нишон дод, ки ба ҳамаи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисоди мамлакатамон пурра ҷавобгӯ мебошад.

  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз беҳтарин буда,  обрӯи эътибори кишварамонро дар арсаи байналмиллалӣ боз ҳам болотар  бардошт.

    Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ватанамон нишон дода шудаанд, аз ҷумла шакли давлатдорӣ, фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳукуку озодиҳои инсон ва шаҳрванд.

    Конститутсия санади қуввваи олии ҳуқуқи дошта, самтҳои асосии фаъолияти ҳар як давлатро муайян мекунад.

    Бо қабули Конститутсия, мардуми сарбаланди ватанамон бо нияту орзуҳои нек ба бунед ва рушди  кишвари азизу соҳибистиқлол шуръ карда  ба ояндаи дурахшони ватану миллати худ этиқод пайдо намуд, ки ҳамаи ин имрӯз ба назар мерасад.

   Дар Конститутсия таклифу пешниҳодҳои мардуми ватанамон ба назар гирифта шуданд. Яке аз пешниҳодҳо ин шакли идоракунии давлатамон президентӣ будан, ки пазируфта шуд ва самараи онро мо ҳозир дида истодаем.  

     Бо қабули Конститутсия  кишвари моро ҷомеаи ҷаҳони ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон этироф кард, ки боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди  Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мутобиқи Конститутсия ҳамаи халқу миллатҳо, ки дар мамлакатомон зиндагӣ доранд баробарҳуқуқанд ва давлату ҳукумат  баробарӣ, озодӣ ва ҳуқуи ҳамаи онҳоро таъмин мекунад ва кафолат медиҳад.  

    Конститутсия барои давлату миллатомон  имконият дод, ки ватанамон аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо ёбад, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳивз шаванд, ҳамватанонамон ба ватан баргарданд, тартиботи ҳуқуқи ва ҷамъиятӣ таъмин бошад. Инчунин, Конститутсия барои мамлакатамон шароит фароҳам овард, ки дар кишварамон  мақомотҳои давлативу маҳали дар муддати кӯтоҳ ба фаъолияти худ шуръӯ кунанд, душвориҳою нофамиҳо аз байн раванд ва давлату миллати мо барои бунёди давлати пешрафта қадамҳои устувор гузорад.

  Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муҳими олию сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриямон, новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ, тақозо дорад, ки маъсулияти баланди шаҳрвандӣ дошта бошем, Конститутсия ва қонунҳоро эҳтиром ва риоя кунем. Ҳамзамон Конститутсия аз ҳокимият, мақомотҳои давлативу маҳалӣ талаб менамояд, фаъолиятро бо низоми конститутсионӣ ба роҳ монанд, ҳивзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрваедро таъмин намоянд ва як давлати ҳуқуқбунёду муосир ва мутамарказ бунёд намоянд.

   Бо талаботи замон ва рушди давлатдорӣ ба Конститутсияи ҷумҳуриамон се маротиба тағироту иловаҳо ( солҳои 1999, 2003 ва 2016) ворид шуданд. Ин  тағироту иловаҳо имкон доданд, ки рукнҳои давлатдорӣ ва дастовардҳои истиқлолият мустаҳкам бошанд, дар ҷомеа ваҳдату субот ҳукмфармо бошад, соҳаҳои иқтисодиву иҷтимои ва сиёсиву фарҳанги рушд кунанд.  

   Конститутсия ҳамчуе санади дорои эътибори ҳуқуқӣ ватани азизӣ моро ба сӯи музаффапиятҳои беназир оварда мерасонад. Ҳар яки мо бояд амиқ дарк намоем, ки фақат бо риоя намудани қонуну меъёрҳои конститутсионӣ мо метавонем ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ, дунявӣ бунёд созем, ба ҳар як шаҳрванди ватанамон шароити зиндагии арзанда муҳайё намоем ва ба насли оянда як давлати ободу зебо мерос гузорем.

   Ҳар сол дар ватани азазамон, 6 ноябр Рӯзи Конститутсия ҳамчуи ид бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Бо қабили Конститутсия ҳамаи ниятҳою орзуҳои чандинсолаи мардуми сарбаланди мо  ҷомаи амал пӯшид ва эҳтиром нисбат ба Конститутсия ин вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватанамон мебошад.

 

 

                                              Одинаев Ғ.А. – омӯзгори кафедраи забони давлатӣ

                             ва забонҳои хориҷӣ.

                                              Тоҷибоева М.И.- мудири кафедраи забони давлатӣ

                             ва забонҳои хориҷӣ.