Конститутсия – шиносномаи миллат

 «Ҳадафи сиёсиси мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст.  Дар ии ҷода, Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад  буд», – қайд намудаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

       Яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад,  ки соли 1994  дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст.

 

    Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад, арзиши  олии миллат ҳисобида мешавад. Мувофиқи ин қонун ҳуқуқ,  озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳукуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад.

    Конститутсия  асосан шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Дар он асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян мегардад. Он ҳамеша қонуни асосии давлат ҳисобида шуда, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо мегардад. Он барои ҳама баробар дониста мешавад.

   Бо шарофати қабули Конститутсияи  Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.

    Бо шарофати Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омодасозӣ ва қабули Конститутсияи давраи нав ба амал омад. Дар натиҷа 6 ноябри соли 1994 ин Конститутсия ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ аз ҷониби аксарияти кулли мардум пазируфта шуд ва ин рӯзи таърихӣ дар Тоҷикистон рӯзи Конститутсия муқаррар гардид.

    Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, омоли меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад ва барои сулҳу субот  ва ваҳдати комил – расидани тоҷикон нақши муҳим бозид. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумитарин давлатҳои узви Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардид.

6 ноябри соли 1994 лоиҳаи Конститутсия, ки барои райъпурсии умумихалқӣ пешниҳод шуда буд, қабул гардид. Натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ хеле муассир буд ва зиёда аз 87% иштироккунандагон лоиҳаро дастгирӣ ва сарнавишташонро  худашон муайян  намуданд.

   Дар таҳия ва омодасозии Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши Асосгузори сулҳу саҳдати миллӣ – Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст. Ин фарзанди тавоно ва ба муҳҳабати ватан  содиқ ба мо тоҷикон сулҳу субот, тинҷиву оромӣ, ваҳдату истиқлолиятро  овард.

     Хулоса, боиси ифтихор аст, ки Конститутсияи  кишвар дастгиру роҳнамои мардуми тоҷик гардид. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аз он иборат аст, ки Конститутсияро эҳтиром намояд.

         Тавре ки Пешвои муаззами миллат таъкид мекунад: «Бигзор, Конститутсияи давлати демократии мо ҳамеша қутбнамо ва ифодагари манфиатҳои волои халқи дорои таърихи бою рангинамон, манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, пешбарандаи ғояву арзишҳои миллии мардуми шарифи Тоҷикистон ва амаликунандаи умеду ормонҳои чандинасраи ниёгонамон бошад».

мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣиҷтимоӣ

дотсент  Мирзоаҳмедов М.М.

омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣиҷтимоӣ

Қутбидинова Б.О.