КОНСТИТУТСИЯ-САНАДИ ВОЛОМАҚОМИ ДАВЛАТДОРӢ. Ба 30-солагии Қонуни асосии Тоҷикистон бахшида мешавад

ДУШАНБЕ, 25.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад ва ин сана барои мо, шаҳрвандон хеле муҳим ва зарурӣ мебошад. Зеро сарчашмаи ҳимояи шаҳрванд маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Конститутсия санади олие аст, ки имрӯз мавриди амал қарор дорад ва кулли қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мутобиқат ба Конститутсия қабул карда мешаванд.

-Бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дар ҷумҳурӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, ки ин нишони хиради воло ва ғамхориву башардӯстии Сарвари давлат мебошад.

Агар ба таърихи таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нигарем, хуб дарк менамоем, ки он дар кадом ҳолат ва шароит қабул гардидааст. Ва хуб медонем, ки новобаста аз шароити мавҷуда барои қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол коршиносон аз мамлакатҳои пешрафтаи дунё даъват шуданд ва ин санади олӣ ба тамоми меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Ҳамзамон дар ҷараёни қабули Конститутсия фикру андеша ва пешниҳоди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд ва ин лоиҳа боз ҳам мукаммалтар гардид.

Саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр муассир аст. Сарвари давлат дар ҳама ҳолат аз манфиат ва ҳуқуқи шаҳрвандон дифоъ намуда, барои рушди ҳаматарафаи ҷомеа талош менамоянд.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санади барои миллати тоҷик хеле муҳим- Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма мегирад. Дар моддаи якуми Конститутсия маҳз ҳамин чиз таъкид  карда шудааст:  Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ мебошаду давлат парастории камбизоатон, ятимону бепарасторон, пирони барҷомондаву дастнигарро бар уҳда мегирад. Яъне, дар ҳар ҳолат шаҳрванд метавонад ба давлат умед бандад ва бо дили пур зиндагӣ кунад.

Ёдрас шудан ба маврид аст, ки Конститутсия санади олӣ буда, мустақиман амал менамояд ва ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Ҳарчанд мо  чунин санад доштем, аммо он ҳама ҳадафу ниятҳои давлату миллатро бароварда намесохт ва ба талаботи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷавобгӯ набуд. Дар Конститутсия имрӯз ба гуманизм, нақши инсон ва озодиҳои ӯ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад ва дар он моддаи алоҳида дар бораи инсон ва озодиҳои ӯ мавҷуд аст, ки ин аз кафолати ҳифзи арзишҳои инсонӣ дарак медиҳад.  Ба ибораи дигар бигӯем, ин санади муқаддас, ки бо назардошти ирода ва манфиатҳои аксари мутлақи мардуми ҷумҳурӣ ва роҳи рушди ояндаи давлатамон таҳия ва пазируфта шудааст, сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат асоси боэътимод гузошт.

Конститутсия заминаҳои асосии сохторҳои давлатӣ ва низоми сиёсиро тағйир дода, низоми идоракунии авторитариро ба рақобати озоди сиёсӣ ва муҳокима иваз намуд ва дар Тоҷикистон барои густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам овард.

Муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, ки мо ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем.

Зиёда аз 160 давлати дунё имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф менамоянд, ки ин далели моҳияти баланди ин санади олӣ мебошад.

Вобаста ба Конститутсия, ки байни ҷомеа ҳамчун Қонуни асосӣ  низ маъруфият дорад, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳори андеша намудаанд: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат роҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд».

Бояд гуфт, ки тибқи моддаи 6-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Чунин меъёр бори дигар исбот менамояд, ки манбаи ҳокимияти давлатиро халқ ташкил медиҳад. Ба таври дигар бигӯем, Конститутсия аз они халқ буда, ба халқ хизмат менамояд.

Ҳамагон медонем, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба тақдири шаҳрвандон бетараф нестанд ва ҳамеша ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Ҳамин аст, ки аз ҷониби Сарвари давлат ба соҳаи муҳим ва калидӣ барои ҷомеа-илму маориф  таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мешавад. Дар Конститутсия-санади тақдирсози миллат қонунҳо дар бораи маориф ва мактаби миёна ва олӣ мавҷуд ҳастанд, ки кафолати пешрафти ин соҳа мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми мавҷудият  барои қавию ғанӣ гардонидани пояҳои давлату давлатдорӣ, қонуният, волоияти қонун ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хизмат намуда, минбаъд низ симои сиёсӣ ва обрӯю эътибори Тоҷикистонро дар ҷаҳони муосир муаррифӣ менамояд.

Имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори давлатҳои пешрафтаи дунё ба панҷгонаи беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон дохил шудааст, ки мояи ифтихори мо мебошад.

Конститутсия ба ҳифзи арзишҳои инсонӣ ва давлатдорӣ мусоидат менамояд. Шаҳрвандони ҷумҳурӣ бояд онро чун арзиши муҳими давлатдорӣ эҳтиром намуда, барои пешрафти зиндагӣ истифода баранд.

Эҳтиром ба Конститутсия- эҳтиром ба миллати соҳибмаърифат мебошад.

Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ,
Ректори Донишкадаи кӯҳию
металлургии Тоҷикистон