КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОНИ СОХИБИСТИҚЛОЛ ВА НАҚШИ ОН ДАР МУСТАХКАМ КАРДАНИ СИСТЕМАИ ДАВЛАТӢ

Конститутсия аз ҷониби бисёр мутахассисон ва коршиносони байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон баҳои баланд дода шудааст. Онро Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) яке аз беҳтарин панҷ Конститутсияи давлатҳои ба ин созмон шомилшуда эътироф кардааст.

     Ғайр аз ин, дар рафти рушди он хусусиятҳои муҳими иҳтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, миллӣ ва таърихии халқҳои Тоҷикистон ба назар гирифта шуданд, ки ин хоси он аст.

     Конститутсияи соли 1994 аз 10 боб ва 100 модда иборат буд . Дар бобҳои он: асосхои сохти конституционй; ҳуқуқ, озодиҳо, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд; Президент; Ҳукумат; ҳукумати маҳаллӣ;  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;  Суғд; Прокуратура ва тартиби ворид намудани тагйирот ба Конститутсия.

Хусусияти дигари Конститутсия дар он буд, ки меъёрҳои он дар муқоиса бо дигар қонунҳои замони шӯравӣ халқро ягона сарчашмаи ҳокимият медонистанд, ки метавонад дар ҳаёти сиёсии давлат ширкат варзида, андешаи онҳоро инъикос намояд. Қайд карда мешавад, ки давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, ҳифзи ҳуқуқии шаклҳои гуногуни моликият ва рушди соҳибкориро кафолат медиҳад. Дар Конститутсия муқаррар шудааст, ки ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд.

        Давлат ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар як узви ҷомеаро, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, эътиқоди динӣ, эътиқоди сиёсӣ, маълумот, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулкӣ кафолат медиҳад.

Баробархукукии байни марду занро кафолат медихад, нормаҳои он барои инкишофи ташаббуси гражданй шароити мусоид фарохам меоваранд. Пас аз қабули Конститутсияи соли 1994 давраи инкишофи институти муосири конститутсионӣ дар низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ оғоз мегардад.

Дар ин марҳила Конститутсияи Ҳумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқи давлат ва ҷомеаи шаҳрванди мавқеи асосиро ишғол мекунад. Санади ҳуқуқӣ байналмилалӣ қисми тарќибии низоми ҳуқуқӣ мебошанд.

Тавре сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: «Эътироф намудани соҳибихтиёрии Тоҷикистон тавассути Конститутсия бешубҳа сарвати бебаҳои миллати тоҷик аст. Ҳар қадар вақт моро аз лаҳзаи қабули ин санади тақдирсоз дур созад, садоқат ба роҳи интихобкардаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамон қадар равшантару равшантар зоҳир мегардад».

Ҳамин тавр, мо метавонем бо итминон қайд кунем, ки Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоқикистон кафили ҳифзи соҳибихтиёрии давлатӣ буда, ба талаботи замон ҷавобгў буда, манфиатҳои асосии мардуми тоҷикро ифода менамояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.

Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.

Тоҷикистон- мазҳари ман,

Cарзамини камзамин,

Ту саросар куҳсорӣ,

Ту саросар сангзорӣ,

Чунки фарзандони ту дар тӯли таърихи дароз

Ҳар куҷо рафтанд, муште хок бо худ бурдаанд.

Чунки фарзандони ту дар ҷустуҷуи бахти худ

Дар биёбонҳои тафсон дур аз ту мурдаанд.

Аминова М.И. – омӯзгори калони кафедраи забони давлатӣ

ва забонҳои хориҷӣ

Аминова Ш.Ҷ. – ассистенти  кафедраи забони давлатӣ

ва забонҳои хориҷӣ