Дар маҷмӯаи “Сӣ баҳори истиқлол”, ки ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардидааст, дар қатори мақолаҳои олимону академикҳо мақолаи илмӣ-оммавӣ таҳти унвони “Инкишофи саноати кӯҳкорӣ тақозои замон” дар муаллифии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва муовинони аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ба табъ расидааст.
Дар мақолаи мазкур масоили мубрами саноатикунонӣ дар Тоҷикистон, таърихи геология ва коркарди маъданҳо, истифодаи фулузот аз замонҳои қадим то ба имрӯз ва ҳамчунин дар такя ба асосгузорони геологияву металлургияи тоҷик монанди Ибни Сино, Берунӣ ва дигарон фактҳои муҳими таърихӣ иншо гардидааст.
Мақолаи мазкур метавонад ба ҷаҳонбинӣ, дидгоҳи илмӣ, тафаккури омӯзгорону донишҷӯён таъсир расонида, дар шмнохти олимон ва дастовардҳои тоҷикон мусоидат намояд ва мутолиаи он ба мақсад мувофиқ хоҳад буд.