Бо мақсади дар давраи таътили тобистона фаро гирифтани донишҷӯён ба китобхонӣ ва бо ин роҳ самаранок истифода бурдани вақтҳои холии худ аз тарафи масъулони китобхонаи илмӣ-электронӣ тарғибу ташвиқи китобҳои илмию бадеӣ миёни донишҷӯён бо маром идома дорад.
Аз ҷумла, дар китобхонаи электронии донишкада шурӯъ аз 20 май чорабинии таблиғи китобҳои илмию бадеӣ оғоз ёфта, ҳамарӯза ба хонандагони китобхона пешниҳод мегардад, то барои давраи таътили тобистона китобҳои писандидаашонро дар шакли чопию электронӣ барои худ бигиранд. Дар ин роҳ масъулини китобхонаи электронӣ ҳамеша омодаи дастраснамоии китобҳо ба донишҷӯён мебошанд.
Бояд гуфт, ки мақсад аз роҳандозии ин иқдом пеш аз ҳама ташвиқу таблиғи китобхонию китобдорӣ, ҷалби донишҷӯён ба хониш ва нигаҳдории китоб, аз худ кардани илму маърифат, хулқу атвори накӯ, одоби ҳамида, таҳаммулпазирӣ ва худогоҳию поктинатӣ, истифодаи самараноки вақт дар таътили тобистона ва пешгирӣ аз бекориву оворагардӣ ва амалҳои номатлуб маънидод мегардад.