Китоб сарчашмаи саодати инсонҳост!

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бе китоб дунёи мо тира ва ҷаҳон хира аст. Маърифати шахс аз китоб оғоз мегардад. Ҳама бузургони олам аз китоб хондан ба мартабаи аъло расидаанд. Боиси хирадмандист амри Пешвои миллат оид ба озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

ба ҳама табақаҳои ҷомеа, ки сатҳи китобхонаҳо зиёд гарданд. Инсон метавонад ба воситаи китоб ба адабиёту фарҳанг, сиёсат иҷтисодиёти мамолики зиёд ошно гашта, оламро бо тайёраи андеша сайр намояд.
Китоб як рукни тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонашавандаи зиндагии инсон аст. Чӣ тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: “Шахсе, ки ба китоб дил мебандад, ҳаргиз намехоҳад аз китоб дур бошад,  хастагиро аз худ мебарорад натанҳо дониш,  балки вақти худро бо хушнудӣ мегузаронад”.
Дониш наҷотбахши роҳи инсон аст, касро дар роҳи рост, поквиҷдонию хирадмандӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия мекунад. Агар дақиқтар андеша ронем, китоб рафиқи ҷонии инсон аст. Дар лаҳзаи вазнинӣ, бахусус танҳоӣ китоб дар бари мост. Ин андеша дар шеъри Ҷомӣ хеле мӯъҷаз ифода ёфтааст:
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
 Сад poҳaтe ҳасту ҳаргиз озоре нест.
Халқи тоҷик аз шумораи он халқҳоест, ки ба китобу китобдорӣ эҳтиром ва эътиқоди хосса дорад. Ҳар сол 4-уми сентябр рӯзи китоб бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Ҷаҳони мо ду неру дорад,  тавонои равшанбахш китоб ва офтоб. Китоб дар назди мардуми мо чунон қадру манзалате дорад, ки онро зери болини тифли навзод мегузоранд, бо ният ва умеде, ки дониш чароғи равшани дили ӯ ва дар гиру дори зиндагӣ  ҷавшани танаш бошад ин анъанаи нек бояд идома ёбад ва ба наслҳои оянда дарси ибрат гардад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти зеҳн, истеъдод ва рушду такомули тахаюлоти наврасону хонандагон ва омӯзгорон бедор кардани илмомӯзи ва маърифати  худогоҳию худшиносӣ,  фарҳангпарварӣ тарбияи насли ояндасози миллати тамадунофари тоҷик асолати миллии худро арҷгузорӣ кунанд. Ҳамагон ба бузургони даҳр пайравӣ ба пеш ҳаракат намоем, чи хуш гуфтааст,  Абдулқосим Фирдавсӣ:
Тавоно бувад ҳар, ки доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Китоб шиносномаи халқу миллат аст, донишмандон аз қадим китобро ба ситораи тобон ва нурҳои офтоб ташбеҳ доданд.
Китоб дӯсти безабони ҳар инсони китобдӯст аст, хушгуфтору хушсухан аст. Китоб тайёраест, ки бо он ҷаҳони ҷаҳолат ва ҷаҳони маърифат парвоз мекунем ва давр мезанем.
Касе, ки аз мутолиаи китоб даст мекашад монанди шиноварест, ки аз дасту по задан боз монд ва ӯ ногузир ғарқ хоҳад шуд.
Китоб дилҳоро мунавар ва чеҳраҳоро нуронӣ месозад, хонандаи худро хушбахт мегардонад.
Баъзе фарзандон ба китоб таваҷҷӯҳи зиёд доранд, баъзеашон шавқи китобхонӣ надоранд. Дар ин ҷо роли омӯзгорон ва падару модарон калон аст. Омӯзгорон бояд бо онҳо дар алоҳидагӣ кор кунанд. Мувофиқи маълумотҳо донишмандони гузаштаи мо Ибни Сино, Форобӣ, Берунӣ, Шайх Саъдӣ, Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ ва дигарон пеш аз шахсиятҳои бузург шудан китобҳои бисёреро хонда будаанд. Ҳамин китобҳо сабаб шуданд, ки номи онҳо дар зарварақҳои таърих навишта шуданд. Агар мо ба тарҷумаи ҳоли бузургон назар афканем, ҳар яки онҳо тавассути мероси гаронбаҳояшон моро ба китобхонӣ даъват мекунанд. Барои мисол, Форобӣ фикрҳои илмии худро барои ҷамъоварӣ кардан пул надошт, ки варақҳое харад ва дар шакли китоб чоп кунад. Ӯ барои аз хотир набаровардан ба танаи дарахтон менавишт. Вақте ки пул ёфт, аз танаи дарахтон он навиштаҳояшро ҷамъоварӣ мекард ва дар шакли китоб (дастхат) аз чоп мебаровард. Ҳоло бошад, барои китоб хондан ва чоп кардани ақидаҳои илмиву адабӣ шароит муҳайё аст.
Ҳоло фарзандони соҳибистиқлоламон дар мактаби замонавӣ нишаста таҳсил мегиранд ва ин натиҷаи ғамхории савари давлати мо мебошад. Мо дар илм бояд пешқадам шавем ва худро ба ҷаҳон шинос гардонем. Беҳуда Устод Рӯдакӣ нагуфтааст:
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.
Аз ҳамин сабаб бисёр хондан вазифаи мост. Одами бедонишу бетаҷриба ҳеч вақт молу мулкро ба даст намеоварад. Одаме, ки бо сабру бардошт ва ҳамеша дар пешаи илм аст, албатта ба мақсади худ мерасад.
Гузаштагони мо китобро “ҷавшани ҷон”, “чароғи раҳнамо”, “аниси кунҷи танҳоӣ ва фурӯғи субҳи доноӣ” хондаанд. Муҳаббат ва арҷгузорӣ, эътиқод доштан ба андарзҳои китоб маърифати бузург аст, китобхону китобдӯст бошед.

Баҳринисо Ӯзбекова,
директори китобхонаи илмӣ – электронии
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон