Ҳамарӯза барои донишҷӯён дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон шароитҳо муҳайё карда мешавад, то мутахассиси хуби соҳа омода гардад. Инак боз барои пур намудани ҷойҳои холии адабиёти соҳавӣ бо забони давлатӣ ду китоби тозанашр ба китобхонаи илмӣ-электронии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ворид карда шуд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот директори китобхонаи мазкур Танжихолова Шаҳнозабону хабар доданд.
“Геокимиёи нафту газ” ва “Литология” аз ду китоби нав воридкардашуда ба китобхонаи илмӣ-электронии Донишкада мебошад, ки ҳар ду ҳам ба миқдори 30 ва 50 нусхагӣ харидорӣ карда шудааст.
Муаллифони “Геокимиёи нафту газ” Алидодов Б.А., Фозилов Ҷ.Н., Давлатшоева Ҷ.А. ва “Литология” бошад, Фозилов Ҷ.Н. ва Алидодов Б.А. мебошанд.
Дар пешгуфтори китобҳои мазкур навишта шудааст, ки ин китобҳо барои таълимгирандагону омӯзандагони самтҳои гуногуни геология пешниҳод карда шудааст.
Қайд намудан зарур аст, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки минбаъд адабиёти заруриро барои донишҷӯёни самтҳои геологияву металлургия ва муҳандисӣ бо забони давлатӣ таҳия созад.
М. Сайидзода