Субҳи имрӯз дар китобхонаи – илмӣ электронии донишкада як гурӯҳ донишҷӯёни курси сеюми факултаи электромеханика ташриф оварданд.
Бо роҳбарии директори китобхона Ӯзбекова Баҳринисо ва масъулони китобхона бо донишҷӯён маҳфили “ЗАКОВАТСАНҶ” гузаронида шуд.
Дар доираи 1 моҳ ба донишҷӯён китоби ба ҳамагон маъмулу машҳур – “Рустам ва Суҳроб”-и Абулқосим Фирдавсӣ супорида шуда буд, ва дар муддати як моҳ донишҷӯён онро хонда аз худ намуданд ва бо тайёрии пухта ба китобхона ҳозир шуданд.
Маҳфил хеле хуб ва шавқовар гузашт, донишҷӯён бо руҳияи тоза маҳфилро гузаронида, бисёр чизҳоро ба худ қабул карданд.
Боз ба ҳамаи донишҷӯён китобҳои нави бадеие, ки аз Китобхонаи Миллӣ оварда шуда буд: “Абӯмуслимнома, Муҳиб, Бурҳони қотеъ, Шогирди Усто–и Абдуллозода” супорида шуд ва дар рӯзи муайян ба китобхона ҳамроҳи донишҷӯён он китобҳоро аз худ карда, ба донишҷӯёни ҳозирҷавоб сипосномаву раҳматномҳо аз ҷониби директори китобхона, тариқи маҳфилу бозиҳои интеллектуалӣ саволҳо гузаронида мешавад.
Ин маҳфилҳо барои ҷаҳонбинии донишҷӯёнро бедор кардан, ҷалб кардан ба китобу китобхонӣ равона карда шудааст.