ДОНИШКАДАИ МО

Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар муддати 18 соли фаъолияти хеш аз як муассисаи хурд ба як таълимгоҳи бузург мубаддал гардида, сол аз сол инфраструктураи он тағйир ёфта, масоҳати таълимӣ, миқдори донишҷӯёну кормандон, базаи моддиву техникии инкишоф ёфта истодааст. Ҳамасола дар сохтори донишкада  тағйиротҳо ворид гардидаистодааст. Миқдори кафедраҳо аз 15 ба 16 расида, раёсату шуъбаҳои нав таъсис дода шуд. Айни замон дар донишкада 19 озоишгоҳи сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ба ифтитоҳ карда шудааст, ки дар ихтиёри донишҷӯёну магистрон қарор дорад.

Феълан Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои пешқадами соҳавӣ дар миқёси ҷумҳурӣ буда, мутхассисонро аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ омода менамояд. Дар зертобеияти донишкада Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар шаҳри Душанбе, Донишкадаи Конфутсий дар шаҳри Бӯстон, Академияи CDIO мақараш дар шаҳри Бӯстон фаъолият мебаранд. 

Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон олимону омӯзгорони собиқадори соҳа ва шуҳратманд таълим медиҳанд, ки барои донишҷӯён як муваффақияти калон мебошад.  Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо 45 донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои хориҷӣ ва 75 корхонаи саноатӣ ҳамкорӣ дорад. 

Ҳамчунин, дар донишкада  ҷиҳати нигоҳ доштани тавозуни иҷтимоӣ ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба монанди Иттифоқи мутаҳҳидаи касаба, Шурои занону духтарон, Шурои донишҷўён ва Шурои собиқадорони меҳнат амал мекунанд.

Рамзи донишкада дар Маркази миллии тестӣ 201 аст!

Ректори донишкада: доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ