Директори китобхонаи илмӣ – электронӣ
Домуллоева Манижа Толибҷоновна
Таҳсил: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
- Донистани забонҳои хориҷӣ: Русӣ
- Тел: +992-92-677-85-65
- E-mail: manizhadomulloeva@gmail.com
- Суроғаи корӣ: Бинои асоси
Маълумотнома
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон китобхонаи электронӣ бо 100 ҳазор адабиёт ба истифода дода шуд.
9 декабр дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи геологияи тоҷик китобхонаи электронии донишкада ба кори худ шурӯъ кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ДКМТ хабар доданд.
Дар толори барҳавои китобхонаи электронии ДКМТ беш аз 60 компютери насли нав насб гардида, бо хатти интернет пайваст мебошанд. Ба иттилои масъулон, фонди китобхонаи электронӣ пайваста зиёд гардида, дар соли таҳсили 2023 – 2024 бар асоси ҳамкориҳои судманд бо китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутии шаҳри Душанбе ба фонди китобхона қариб 20 000 номгӯйи китобҳои гуногуни электронӣ ворид карда шуда, ҳаҷми умумии китобҳои электронӣ дар хазина қариб ба 100 000 баробар гардид. Дар назар аст, ки чунин табодули китоб бо дигар муассисаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сурат бигирад.
Зимни ифтитоҳи ин толор ректори донишкада профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ қайд намуд, ки тавассути китоб мо метавонем донишҳои худро мукаммал намуда, ба дарки арзишҳои олӣ, пос доштани хотироти ниёгони худ, таърихи давлатдорӣ ва худшиносиву худогоҳӣ бирасем. Ҷойи шубҳа нест, ки бо тағйироти асри нав ва фароҳам гардидани имкониятҳои технологияи навин насли замони мо, низ бо он одат намудааст ва рӯз аз рӯз талаботҳояш вобаста ба шароити муосир тағйир меёбад. Ҳамин аст, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ин ҳамаро ба инобат гирифта, китобхонаи электронии донишкадаро таъсис дод, то битавонем донишҷӯёни худро ба китобу китобхонӣ ва азбаркунии илмҳо ҷалб намоем.
Китобхонаи марказии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
Китобхонаи марказии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон соли 1951 бо баробари ташкилёбии Политехникуми Осиёимиёнагии шаҳри Бӯстон таъсис ёфтааст. Китобхона аз толори китобнигоҳдорӣ ва 1 толори қироати китоб иборат буд. Фонди умумии китобҳо 79246 номгӯйро ташкил медод.
Вобаста ба асосии фаъолияти Политехникум қисмати асосии фонди китобҳоро адабиётҳои техникӣ ташкил медод. Ҳайати кормандон аз 3 нафар: директори китобхона ва 2 нафар корманд иборат мебошад.
Баъди ба Коллеҷи кӯҳӣ-металлургӣ табдил ёфтани Политехникум ба фонди китобхона қисман бошад ҳам, адабиётҳои хусусияти соҳавидошта ворид гардиданд. Соли 2006 баъди ташкилёбии Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон базаи моддӣ-таълимии китобхона васеъ гардид. Аз он ҷумла, дар назди китобхонаи марказӣ соли 2011 китобхонаи электронӣ таъсис ёфт, ки ин барои бо адабиётҳои зарурӣ таъмин намудани донишҷӯёну устодон нақши муҳим мебозад ва дорои 933 адад китобҳои электронӣ мебошад.
Китобхона яке аз сохторҳои таркибии асосии донишкада маҳсуб ёфта, фаъолияташ ҳамаҷониба ба таъмин намудани кормандон, омўзгорон ва донишҷӯён бо китобҳои дарсӣ, бадеӣ, илмию сиёсӣ ва матбуоти даврӣ равона гардидааст.
Имрӯзҳо китобхонаи марказии донишкада аз 2 толори китобнигоҳдории муҷаҳҳазонидашуда, 1 толори барҳавои китобхонӣ ва 1 толори китобхонаи электронӣ иборат аст.
Дар китобхона шӯъбаҳои адабиётҳои илмӣ-оммавӣ, адабиётҳои техникӣ фонди асосии китобхона зиёд гардида истодааст.
Ҳар сол аз ҳисоби ворид гардидани адабиётҳои таълимӣ-методӣ ва илмӣ-техникӣ фонди асосии китобхона зиёд гардида истодааст. Айни замон Фонди умумии китобхона 121 363 ададро ташкил медиҳад, ки аз инҳо 49.6 % адабиёти таълимӣ, 32.9 % адабиёти бадеӣ, 17.5 % адабиёти илмиро ташкил медиҳад. Инчунин шумораи китобҳо ва маводҳои таълимии электронӣ ба 13 185 адад мерасад, ки дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2020-2021 ҳамагӣ 1788 нафар донишҷӯён аз китобҳои электронӣ истифода намудаанд.
Китобхонаи донишкада бо китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд робитаву ҳамкориҳои судманд дорад. Китобхонаи марказии донишкада дар ташкилу гузаронидани чорабиниҳои илмӣ, фарҳангию фароғатӣ, конференсияю симпозиумҳо, намоиши китобҳо ва дар маҷмӯъ барои тайёр намудани мутахассисони ватанӣ барои соҳаи саноати кӯҳӣ-металлургӣ нақши муҳим мебозад.