Китоби “Пешвои миллат -абармарди арсаи сиёсат” ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дастрас гардид

Китобхонаи илмӣ-электронии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон  аз МИҲД-и шаҳри Бӯстон китоби “Пешвои миллат -абармарди арсаи сиёсат”  ба миқдори 5 нусха  харидорӣ намуд, мегӯяд директори китобхона Танжихолова Шаҳнозабону.

Ёдовар мешавем, ки асари мазкур дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҷанбаҳои фаъолияти сиёсӣ ва ҷамъиятии роҳбари давлат ва мавқеи он кас дар арсаи байналмиллалӣ дар ин ҷо мавриди пажӯҳиш қарор гирифтааст.

Ҳамчунин, ба китобхонаи илмӣ-электронии донишкада 50 нусха маҷаллаи “Кино”-и Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” низ ворид гардидааст, ки донишҷӯён метавонанд аз он фаровон истифода баранд.

М.Сайидзода