Китоби омӯзгорони донишкада бо шарикони байналмиллалӣ ба нашр расид

Китоби омӯзгорони донишкада бо ҳамкории шарикони байналмиллалӣ тавассути нашрияи бонуфузи SPRINGER чоп гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот муовини аввали ректор Насриддинов Замониддин иттилоъ дод.
Китоб масъалаи идоракунии захираҳои обии дарёҳои Кофарниҳон, Кобул ва ба ин васила Амударёро фаро гирифта, масоили баҳсиро дар ин радиф ҳаллу фасл менамояд. Китоб дар асоси таҳқиқотии лоиҳавӣ, ки се сол давом намуд, таҳти сарпарастии USAID ва иштироки олимони Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон аз муассисаҳои илмии Донишгоҳи Амрикоии Осиёи Миёна дар Қирғизистон, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Кобул амалӣ гардидааст.
Ин ягона лоиҳаи пажӯҳишӣ нест, ки олимони донишкадаи мо бо пажӯҳишгарони байналмиллалӣ ҳамкорӣ намуда, таҳқиқот мегузаронанд. Дар ин самт ҳамкориҳои олимон хеле густариш ёфтааст.
Шуъбаи иттилоот