Дастури илмӣ назариявии тозатаълиф таҳти унвони “Рушди устувори иқтисодии минтақаҳои Тоҷикистон дар шароити иқтисоди бозорӣ” дар шаҳри Душанбе ба табъ расид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот муовини ректор ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Умарҷонов Абдусафо иттилоъ дод.
Дастури мазкур, ки аз ҷониби ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ таҳия гардидааст, бештар дар самти мухталифи иқтисодиёт ва ҳамзамон якҷоякунии системаҳои экологӣ ва рушди устувори иқтисодиёти минтақаҳои муосири Тоҷикистон дар шароити бозоргонӣ тамаркуз намуда, роҳҳалҳо ва хулосаи пажӯҳиш илмиро ба хонанда пешниҳод намудааст.
Дар китоби мазкур ҳамчунин, ҳолатҳои идоракунии механизмҳо самтӣ ва ҳамгироии илм бо истеҳсолот мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, ки муаллиф бо пешниҳоди як силсила назарияҳои илмӣ умед бастааст, то дар самти мазкур навгоние ҷорӣ гардад.
Ба асари мазкур доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Одинаев Х.А., номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Асрорзода У.С. тақриз навиштаанд.
Дастури мазкур, диди нави илмӣ аз ҷониби н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ба соҳаи мазкур буда, хонандагон, донишҷӯён ва намояндагони корхонаҳои саноативу ширкатҳои бозоршиносӣ метавонанд аз он баҳрабардорӣ намоянд ва дар кори худ аз системаи ҷадиду муосир ва назарияи муаллиф истифода баранд, то дар самти кори худ ба муваффақият ноил гарданд.
Ёдовар мешавем, ки асари мазкур барои гузаронидани таҳқиқоти самтӣ ва сохтани барномаи рушд дар иқтисодиёти муосир мусоидат менамояд, ки хоҳишмандон метавонанд аз назарияи илмӣ ва барномаи муҷаддади Бахтиёр Маҳмадалӣ баҳра гиранд.
Шуъбаи иттилоот