КИЛКИ КАМБИНИ САЛИМПУР

Аз зери нохун чирк кофта, танҳо нуқси ҷомеаро инъикос намудан маънии матбуоти озодро надорад. Мирзои Салимпур бошад мушт ба сина зада, аз минбари ҳасратҳои худро нола мекунад. Вале пайравони  ташкилоти террористӣ-экстремистӣ гумон мекунанд, ки мардуми тоҷик аз хиёнатҳои ин гуна нафарони беватан огоҳ нестанд. Маҳз ана ҳамин гуна нафарон ба Ватани хиёнат карда истодаанд, ки хиёнаткориашон ҳадду канор надорад.

Дар такя ба воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла сомонаҳои шабакаи интернетӣ хоинони ватан ба монанди Мирзои Салимпур аз хориҷа истода, мехоҳанд бо далелҳои беасоси худ амният ва сулҳу суботи кишварро халалдор намоянд. Лекин тамоми мардуми кишвар огоҳи дорад, ки онҳо сагони хориҷии худанд ва дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон даст ба амалҳои ҷиноӣ мезананд.

Килки камбин дорад Мирзои Салимпур. Вагарна ба навиштаҳои ин тангназари хиёнаткор дар сомонаҳои шабакаҳои интернетӣ назар афканем аён мегардад, ки фикру ақидаҳои ӯ дар асоси дастуру супоришҳои хоҷагонаш сурат гирифта, нияту мақсадҳояш гумроҳкунии мардум ба хусус ҷавонон буда, мехоҳад кишвари озоду соҳибистиқлоли моро ба вартаи ҷангу ҷидол табдил диҳад.

Мо ободӣ ҳам дорем. Дастовардҳои ҳам назаррасанд. Зина ба зина дар арсаи истиқлолияти иқтисодӣ ба пешравиҳо ноил мешавем. Хуб мешуд, ки имруз ба комёбиҳои халқи  тоҷик ба чашми камбин не, балки ба дилу дидаи гарм нигарем.

Манзура Тоҷибоева,

омузгори ДКМТ