Мудири кафедра: Туев Шоҳин Шоевич
Унвони илмӣ: номзади илмҳои педагогӣ
E-mail: Shohin-8888@mail.ru
Таърихи ташаккулёбии кафедра
Кафедраи математикаи олӣ ва информатика дар асоси Низомномаи муассисаи олӣ ва олии касбӣ, тибқи қарори Шӯрои олимони донишкада, бо фармоиши ректори Донишкадаи кӯҳӣю металлургии Тоҷикистон аз санаи 20.08.2006с., таъсис дода шудааст.
Инчунин, тибқи қарори Шӯрои олимони донишкада, бо фармоиши ректори муассиса аз санаи 25.10.2024с., таҳти №110 номи кафедра аз математикаи олӣ ва информатика ба математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ иваз карда шуд.
Кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ ҷузъи таркибии сохтори донишкада буда, дар байни донишҷӯён корҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва дар байни омӯзгорон корҳои илмию методиро бо назардошт ва тибқи Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои олимони донишкада ба роҳ мемонад.
Аввалин мудири кафедраи МО ва ЗС дотсент Солехов О. таъин гардидааст. Дар соли таъсисёбии кафедра омӯзгорон Иброҳимов С, Дадобоева М., Зиёмидинов Б.М., Сайдуллоева М.М., Ҳайдарова А.Б., Самадова Ҳ.К., Исмоилова М., Насриддинов З.З., Сафаров Р. кору фаъолият намудаанд.
Фанҳои таълимии кафедра: математикаи олӣ, технологияи информатсионӣ, асосҳои истифодабарии техникаи ҳисоббарор, барномаҳои замонавии компютерӣ ва фанҳои тахассусии ихтисоси зеҳни сунъиро меомӯзонад. Самтҳои асосии фаъолияти кафедра ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои лабораторӣ, амалӣ, кори мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор, ташкил ва ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷӯён ва амсоли инҳо мебошад.
Ба кафедра дар солҳои гуногун роҳбарӣ кардаанд:
- н.и.физ – мат., дотсент Солихов О. – 20.08.2006 то 31.01.2007;
- муаллими калон Зиёмиддинов Б.М. – аз 01.02.2007 то 01.07.2007;
- н.и., дотсент Салоҳидинов К. – аз 01.09.2007 то 01.07.2008;
- н.и.физ – мат., дотсент Бобоев Л.Ғ. – аз 01.09.2009 то 01.07.2010;
- н.и.п., дотсент Сайдуллоева М.М. – аз 31.08.2010 то 01.07.2014;
- н.и.физ – мат., дотсент Рустамова М. – аз 31.08.2014 то 01.07.2015;
- н.и.п., дотсент Ҷӯраева Х.Ю. – аз 14.09.2015 то 7.02.2020;
- н.и.п., дотсент Сайдуллоева М.М. – аз02.2020 то 08.05.2020;
- номзади илмҳои педагогӣ Туев Ш.Ш. – аз 14.08.2020 то ҳол.
Ҳайати педагогӣ
Дар соли таҳсили 2024 – 2025 дар кафедра 17 нафар омӯзгорон кор ва фаъолият мебаранд. Аз он ҷумла 11 нафар штатӣ, 4 нафар муштараквазифаи дохилӣ ва 2 нафар муштараквазифаи беруна мебошанд.
Айни замон ба кафедра: мудири кафедра номзади илмҳои педагогӣ Туев Ш.Ш. – роҳбарӣ менамояд. Инчунин, Ашӯров Х.Ё. – н.и.т., дотсент, Исмоилова М. – омӯзгори калон, Норбобоева Г.Б. – омӯзгори калон, Ҳаитова Ф.Ш. – омӯзгори калон, Хӯҷамов Ш.Э. – омӯзгори калон, Абдураҳмонова А.И. – омӯзгори калон, Шерматов Ш.Т. – омӯзгори калон, Шабнами А.Р. – ассистент, Раҷабов Ғ.Н. – ассистент, Саидов А.Қ. – ассистент (муштараквазифаи дохила), Иноятова Г.С.– ассистент (муштараквазифаи дохила), Шербоев М.А. – ассистент (муштараквазифаи дохила), Розиқов А.Ё. – ассистент (муштараквазифаи дохила), Раҷабов Р.О. – омӯзгори калон (муштараквазифаи беруна), Назаров П.А. – омӯзгори калон (муштараквазифаи беруна), Шаропова М.А. – коргузор фаъолият бурда истодаанд.
Вазифаҳои кафедра:
Баланд бардоштани маҳорати истофодабарии компютер аз ҷониби устодону донишҷӯён;
Истифода бурда тавонистан бо барномаҳои замонавӣ;
Бо усулҳои интерактивӣ гузаронидани дарсҳои амалӣ ва лабораторӣ аз фанҳои математикаи олӣ ва технологияи информатсионӣ;
Омода намуни донишҷӯёни равияи ихтисиси зеҳни сунъӣ;
Баланд бардоштани дониши риёзӣ – зеҳнии донишҷӯён.
Дастовардҳои устодони кафедра:
Кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ таълими фанҳои «Математикаи олӣ», «Математикаи элементарӣ», «Технологияи информатсионӣ», «Барномаҳои замонавии компютерӣ», «Асосҳои истифодабарии техникаи ҳисоббарор», «Асосҳои барномаи AutoCAD», «Асосҳои барномаи MathCad» «Математикаи ҳисоббарор», «Алгебраи хаттӣ», «Манбаи додаҳо», «Асосҳои алгоритмсозӣ ва барномарезӣ», «Математикаи дискретӣ» ва «Истифодабарии барномаҳои замонавии Multisim, Simulink дар ЭЭ» барои бакалаврон ва информатика аз рӯи ихтисос барои магистрантон машғулиятҳоро ба роҳ мондааст.
Устодони кафедра дар конфронсҳои донишкадавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо маърӯзаҳои пурмӯҳтаво баромадҳо менамоянд. Кафедра бо кафедраҳои муассисаҳои олии касбии кишвар ҳамкориҳои судмандро дар самти таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос роҳандозӣ намудааст.
Устодони кафедра дар омода ва нашри китобҳо, дастурамалҳо, монографияҳо, барномаҳои таълимӣ ва корҳои илмӣ – татқиқотӣ саҳмгузорӣ менамоянд.
Осори илмии устодони кафедра:
Сайдуллоева М.М., Зиёмидинов Б.М. – дастури методӣ «Ҳалли масъалаҳо аз таҳлили математикӣ», шаҳри Хуҷанд – Меъроҷ, 2014;
Назаров П.А., Ҳаитова Ф.Ш. – китоби дарсӣ «Маҷмӯи мисолу масъалаҳо аз математикаи олӣ», Хуҷанд – Меъроҷ, 2017;
Зиёмиддинов Б.М., Ҷӯраева Х.Ю. ва Сайдуллоева М.М. – «Курси мухтасари лексияҳо аз математикаи олӣ», Хуҷанд – Меъроҷ 2018;
Зиёмиддинов Б.М., Норбобоева Г.Б., Ҷӯраева Х.Ю. – «Дастури методӣ ва супоришҳо барои иҷрои корҳои мустақилона аз фанни математикаи олӣ», Хуҷанд – Меъроҷ 2018;
Зиёмиддинов Б.М. Норбобоева Г.Б., Ҷӯраева Х.Ю. – «Дастури методӣ ва супоришҳо барои таҳсилоти фосилавӣ», Хуҷанд – Меъроҷ 2019;
Ҷӯраева Х.Ю. – монография «Способы реализации дидактический принципов общеобразовательных школ Республика Таджикистан», Худжанд, 2019;
Облоқулов В.М. – монография «Бозори хизматрасониҳои давлатии электронӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолат ва дурнамоии рушд» – Душанбе, Ирфон 2019;
Туев Ш.Ш., Саидов А.Қ. – «Дастурамал оид ба истифодаи барномаи Mathcad» – Ношир, Хуҷанд 2020;
Ҳаитова Ф.Ш., Туев Ш.Ш. дастури методӣ бо номи «Раҳнамои математика» «Ношир» Хуҷанд 2021;
Ҳаитова Ф.Ш. дастури методӣ «Мисолу масъалаҳои ҳаллашон душвор» Хуҷанд 2021;
Назаров П.А, Ҳаитова Ф.Ш., Облоқулов В.М. китоби дарсӣ таҳти унвони Алгебраи синфи 11 ҳамчун дастур барои омӯзгорон омода карда шуда, бо қарори Шӯрои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 28.09.2022с., №08 ба чоп тавсия шуда, ки ба миқдори 100 адад нашр гардидааст.
Ҳаитова Ф.Ш. дастури методӣ таҳти унвони “Усул ва ҳалли мисолу масъалаҳои олимпиада аз математика”, Хуҷанд 2022;
Осими Оқил, Туев Ш.Ш., Абдураҳмонова А.И. дастури – методӣ таҳти унвони “Дастурамали машғулиятҳои лаборатории барномаи Mathcad”, Хуҷанд 2023;
Туев Ш.Ш. – монография “Особенности формирования информационно-коммуникационной грамотности студентов при изучение курса информационной технолгий”, Бустон 2023;
Назаров П.А., Ҳаитова Ф.Ш. Китоби дарсии Маҷмӯи мисолу масъалаҳои олимпиада аз математика (қисми 2), Хуҷанд 2024;
Ҳаитова Ф.Ш., Назаров П.А. китоби дарсии Маҷмӯи мисолу масъалаҳои олимпиада аз математика (қисми 3), Хуҷанд 2024;
Ҷумаев А.Р., Абдураҳмонова А.И. Дастури таълимӣ-методии “Математикаи элементарӣ”, Хуҷанд 2024;
Абдураҳмонова А.И. Дастурамал барои иҷрои корҳои мустақилона бо ёрии барномаи AutoCAD, Хуҷанд 2024.
Базаи моддӣ – таълимии кафедра:
Кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ пайваста барои базаи моддӣ – техникии кафедраро баланд бардоштан, кӯшиш мекунад. Кафедра дорои 2 кабинети технологияи компютерӣ буда, дорои 30 адад компютер, 2 адад тахтаи электронӣ, 6 адад проектор ва мизу курсиҳо барои 50 ҷой мебошад. Аудиторияҳо давра ба давра бо дастурҳои тавсиядиҳандаи муосир таҷҳизонида мешаванд.
МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ОИД БА ИХТИСОСИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ
Зеҳни сунъӣ – соҳаи илмиест, ки объекти он низомҳои интеллектуалӣ ва моделҳои формалии онҳо буда, предмети таҳқиқоти он – моделҳо, воситаҳо ва усулҳои балоиҳагирии низомҳои интеллектуалӣ мебошанд.
Омодасозии мутахассисон дар самти мазкур ташаккули малакаҳои муайяни касбии дорои донишҳо ва маҳоратҳоро дар самти таҳлили системавӣ ва масъалагузорӣ, хусусияти алгоритмҳо, барномасозӣ ва тафтиши барномаҳо дар таркиби низомҳои мураккаб, ташкили истеҳсолот, амалигардонӣ ва беҳтарсозии низомҳои интеллектуалии таъиноташон гуногун, коркарди низомҳои экспертӣ, иҷроиши таҳқиқотҳои эксперименталӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва амсоли онро дар бар мегирад.
Донишҷӯёне, ки ихтисоси зеҳни сунъиро хатм мекунанд, дорои тахассуси “Муҳандис – техники системавӣ” мешаванд.
Пас аз хатми омӯзиш хатмкунандагони ихтисоси мазкур метавонанд дар вазифаҳои зерин кору фаъолият намоянд:
- Муҳандис;
- Муҳандис – барномасоз;
- Барномасоз;
- Муҳандис – таҳқиқотчӣ
- Муҳандис – оид ба ҷорисозии техника ва технологияҳои нав;
- Муҳандиси назорати техникӣ;
- Муҳандис оид ба ҳифзи иттилоот;
- Муҳандис – техники системавӣ;
- Бизнес – таҳлилгар;
- Коршиноси системавӣ;
- Мутахассис оид ба роҳбаладии таъминоти барномавӣ;
- Мутахассис оид ба санҷиши таъминоти барномавӣ.
Зеҳни сунъӣ муосиртарин ихтисоси асри XXI буда, дар раванди тараққиёти технологияҳои рақамӣ дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон ворид гардида истодааст. Бинобар ин бо итминони комил метавон гуфт, ки талабот ба мутахассисони ин соҳа рӯз ба рӯз афзоиш хоҳад ёфт ва ин соҳа яке аз соҳаҳои сердаромад боқӣ хоҳад монд. Далели ин гуфтаҳо ширкатҳои бузургтарин ба монанди Microsoft, Google, Yandex, Amazon, Apple, Samsung, AliExpress ва амсоли онҳо мебошанд.
Инчунин талабот ба мутахассисони соҳаи мазкур дар тамоми ширкатҳое, ки низоми биллингӣ доранд, ба монанди ширкатҳои мобилӣ, бонкҳо, шабакаҳои барқӣ ва нерӯгоҳҳо, авиатсия, тамоми сохторҳои давлатӣ ба хусус тандурустӣ, мудофиа, молия, омор, бехатарии ҳаракат дар роҳҳо (низоми шаҳри бехатар) ва амсоли онҳо бениҳоят зиёд аст.
МАЪЛУМОТНОМА
оид ба иҷроиши нақшаи амали Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон (ДКМТ) барои марҳилаи якум
- ТАЪСИСИ КАФЕДРАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Маълумот оид ба кафедраи ташкилшуда
Тибқи фармоиши ректори донишкада аз оғози соли таҳсили 2023-2024 ихтисоси 400301 – зеҳни сунъӣ дар тобеъияти кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи факултети электромеханика вобаста карда шудааст. Ҳамчунин таҳти фармоиши ректори донишкада, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз 26.01.2022 с., №263 ҲК шуруъ аз санаи 01.02.2022 с. дар заминаи маркази ташхис ва хизматрасонии техникаи компютерии донишкада “Маркази зеҳни сунъӣ ва технологияҳои иттилоотӣ” таъсис дода шуд.
Инчунин, тибқи қарори Шӯрои олимони донишкада, бо фармоиши ректори муассиса аз санаи 25.10.2024с., таҳти №110 “ҲК” номгузории кафедра аз математикаи олӣ ва информатика ба математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ иваз карда шуд.
Маълумот оид ба ихтисосҳои зеҳни сунъӣ
Айни ҳол дар донишкада аз рӯи ихтисоси 400301 – “Зеҳни сунъӣ” ду гурӯҳи академӣ дар бахши 1, бо теъдоди 18-нафар ва бахши 2, бо теъдоди 13-нафар таҳсил намуда истодаанд. Ихтисоси 400301 – “Зеҳни сунъӣ” ба Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №349 аз 30-июни соли 2007 тасдиқ шудааст, мутобиқ мебошад.
Барномаи бакалавриат аз рӯи ихтисоси 1-40 03 01 – “Зеҳни сунъӣ” тибқи Шаҳодатномаи Т-Ад №0000997, аз 28.02.2022 аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудааст. Донишҷӯёне, ки ихтисоси зеҳни сунъиро хатм мекунанд, дорои тахассуси “Муҳандис – техники системавӣ” мешаванд.
Маълумот оид ба нақшаҳои таълимии зеҳни сунъӣ
Нақшаи таълимии ихтисоси зеҳни сунъӣ мутобиқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби омӯзгорон ва мутахассисони соҳавӣ бо мувофиқаи Раёсати таълими донишкада таҳия шуда, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он дар соли таҳсили 2023 – 2024 таълим барои ихтисоси 400301 ба роҳ монда шудааст.
Маълумот оиди чорабиниҳо доир ба зеҳни сунъӣ
Аз соли таҳсили 2022-2023 сар карда, ҳамасола тибқи нақшаи баргузории конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бахши алоҳида оид ба иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ташкил карда шудааст. Дар бахши мазкур олимону муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ мақола ва маърӯзаҳои худро пешниҳод менамоянд.
Ҳамзамон донишҷӯёни ихтисоси 400301 барои иштирок дар ин конференсияҳо ҷалб гардида дар бахшҳои алоҳидаи он оид ба корҳои иҷронамудаи худ маърӯза менамоянд.
Инчунин дар донишкада маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони “Интеллект” таъсис дода шудааст, ки дар он донишҷӯёни ихтисоси 400301 – “Зеҳни сунъӣ” ва дигар ихтисосҳои амалкунанда фаъолона ширкат меварзанд.
- ФАРОҲАМСОЗИИ БАЗАИ МОДДӢ-ТЕХНИКӢ ДАР САМТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ
Ҷиҳати хуб ба роҳ мондани раванди таълим дар самти ихтисоси зеҳни сунъӣ дар донишкада 2 адад озмоишгоҳи замонавӣ дар самти мазкур аз ҳисоби Лоиҳаи рушди маориф CDIO таъсис дода шудааст, ки бо 26 адад компютерҳои замонавӣ ва барномаҳои компютерии махсус таъмин карда шудааст. Озмоишгоҳҳои мазкур дорои 2 адад 3D принтер низ буда бо тахтаҳои электронӣ ва хати локаливу интернетӣ таъмин карда шудааст.
Ҳамчунин аз ибтидои соли хониши 2023-2024 дар назди кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъии донишкада 1 адад озмоишгоҳи “Омӯзиши мошинӣ” дорои 20 адад компютери фардӣ ҷиҳати баргузории дарсҳои таълимӣ ва маҳфили илмии донишҷӯёни ихтисоси 400301 – зеҳни сунъӣ, таъсис дода шуд.
Айни ҳол иловатан бо мақсади иҷрои нуқтаҳои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди технологияҳои рақамӣ ва инноватсия 20 адад компютерҳои муосири насли 14 ва тахтаҳои интерактивӣ аз ҷониби раёсати донишкада харидорӣ карда шуд, ки дар натиҷа донишкада боз дорои як озмоишгоҳи муосири омӯзиши зеҳни сунъӣ гардид.
- ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШКАДА
3.1 Донишгоҳи aSSIST-и Ҷумҳурии Корея дар самти “Зеҳни сунъӣ”
Аз санаи 03.02.2022 то санаи 31.05.2022 бо ибтикори Муассисаи давлатии “Маркази конструктории лоиҳакашии технологияҳои нави саноатӣ” дар назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи aSSIST-и Ҷумҳурии Корея дарсҳои маҷозии (онлайнӣ) курси зеҳни сунъӣ барои муассисаҳои таълимии зертобеи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуда истодааст. Тибқи барномаи курси мазкур, ки аз тарафи Донишгоҳи aSSIST дар мувофиқа бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст, дарсҳои зеҳни сунъӣ дар як ҳафта 2 рӯз (6 соат) мувофиқан рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе (бо вақти Тоҷикистон 14:30-17:30) баргузор карда шуд.
Бояд қайд кард, ки дар ин дарсҳои зеҳни сунъӣ аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон шумори зиёди омӯзгорон ва донишҷӯён фаъолона иштирок карданд. Қисмати аввали курс, ки 40 соатро дар бар мегирифт аз тарафи профессори Донишгоҳи aSSIST Ким Сонг Мин баргузор карда шуд. Дар ин дарсҳо оид ба омӯзиши мошинӣ маълумоти ибтидоӣ дода шуд. Ин дарсҳо асосан ба таври амалӣ баргузор карда шуд. Бо истифода аз барномаи компутерии Orange ҳар як иштирокчии дарс корҳои амалӣ ва супоришҳои амалиро иҷро карданд. Аз ҷониби Маркази зеҳни сунъӣ ва технологияҳои иттилоотии ДКМТ дар тамоми компютерҳои иштирокчиён аз донишкада барномаҳои компютерии зарурӣ насб (установка) шуд. Маводҳои иловагии дарсӣ ба иштирокчиёни дарс аз ҷониби ташкилкунандагони курс дастрас гардид.
Шурӯъ аз санаи 29.03.2022 то 31.05.2022 қисмати дуввуми курси зеҳнӣ сунъӣ аз тарафи профессори Донишгоҳи aSSIST Юнгҳо Ченг (Yoongho Chang) баргузор гардид. Дар қисмати дуввуми курси зеҳни сунъӣ асосан кодгузорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ бо истифода аз барномаи компютерии Tensor Flow таълим дода шуд. Барои иштирок дар ин курсҳо дар донишкада тамоми шароити лозима муҳайё карда шуд.
Дар чорабинии мазкур, ки тибқи барномаи таълимӣ дар умум 96-соатро дар бар мегирифт омӯзгорони донишкада фаъолона иштирок намуда супоришҳои ниҳоиро (8 адад) ҷиҳати гирифтани “Сертификат” дар муҳлати муайяншуда супориданд ва сазовори гирифтани сертификатҳои донишгоҳи болозикр гардиданд. Қобили қайд аст, ки аз байни 24 адад сертификатҳое, ки барои довталабон пешбинӣ шуда буд 8 адади онро довталабони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон алалхусус омӯзгрони кафедраи математикаи олӣ ва информатика дарёфт намуданд, ки ин нисбати дигар мактабҳои олии кишвар ба маротиб зиёд аст.
Сертификатҳои дарёфтшуда дар назди ҳайати Раёсати донишкада ба омӯзгороне, ки аз имтиҳони ниҳоӣ бомуваффақ гузашта соҳиби Сертификат гардида буданд аз ҷониби ректори донишкада д.и.и., профессор, муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ супорида шуданд.
Бояд қайд намуд, ки Донишгоҳи aSSIST-и Ҷумҳурии Корея яке аз донишгоҳи бонуфузтарини дунё ба ҳисоб рафта дар самти “Зеҳни сунъӣ” ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар оянда низ бо донишгоҳи мазкур ҳамкориро тақвият мебахшад.
3.2 Такмили ихтисоси омӯзгорони донишкада дар “Шӯрои зеҳни сунъӣ” – и назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
Такмили ихтисоси омӯзгорони донишкада дар “Шӯрои зеҳни сунъӣ” – и назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи такмили ихтисоси устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд. Барномаи мазкур – умумиҷумҳуриявӣ буда, ҳадди ақал 50 нафар устодони равияҳои технологияи информатсионӣ, иқтисодиёт ва ғайра соҳаҳои ба зеҳни сунъӣ алоқамандро аз на кам аз 15 мактабҳои олии мамлакат ҷамъ менамояд. Ҳадафи асосии барномаи мазкур омода намудани базаи кадрӣ баҳри гузаронидани дарсҳо ба донишҷӯёне, ки аз руйи ихтисоси “1_400301 – Зеҳни сунъӣ” ба мактабҳои олии мамлакат дохил мешаванд, ба ҳисоб мераванд. Ҷараёни мазкур бояд амалишавии ҳадафҳое, ки дар лоиҳаи Стратегияи милии зеҳни сунъии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2040 ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос муайян карда шудааст, такон бахшад.
Мувофиқи лоиҳаи барнома он ба муҳлати 6-моҳи омузиши барномаи таълимӣ ба роҳ монда шуд. Барномаи мазкур аз ташкил ва гузаронидани дарсҳои маҷозӣ (онлайн) тавассути платформаи Zoom дар 1 ҳафта 2 маротиба иборат буда, ҳамчунин 3 вохӯрии офлайнӣ (тренинг дар 3 шаҳр – Душанбе, Хуҷанд, Исфара) баргузор карда шуд. Тренингҳои мазкур бо мақсади дар амал ба намуди машғулиятҳои гуруҳӣ татбиқ намудани дониши дар давоми дарсҳои фосилавӣ (онлайн) гирифташуда равона карда шуданд. Чунин намуди тренингҳо пас аз ҳар 6 ҳафта баргузор карда шуд.
Барномаи таълимии курси мазкур аз 4 қисмати асосӣ иборат буд:
– Омор (статистика);
– Барномарезӣ дар забони барномарезии Питон (Python);
– Омӯзиши мошинӣ;
– Кор бо лоиҳаҳои шахсӣ.
Аксари машғулиятҳои барномаи таълимӣ аз тарафи мутахассисони аввалин лабораторияи зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ – zypl.ai ба роҳ монда шуданд. Дар баъзе аз равияҳои амиқи барномаи таълимӣ мутахассисони соҳа аз Русия ва ҳамватаноне, ки дар давлатҳои хориҷӣ кору фаъолият мебаранд ҷалб карда шуданд.
Дар давоми амалисозии дарсҳои барномаи таълимӣ платформаҳои зерин истифода бурда шуданд:
– “журнали электронии” CANVAS, ки дар он ҳамаи маводҳои таълимӣ ва ба он алоқаманд вобаста ба нақшаи барномаи таълимӣ вуҷуд доранд;
– ZOOM – платформаи баргузории вохӯриҳои маҷозӣ (онлайн);
– TELEGRAM – платформа барои ҳамоҳангсозии масъалаҳои коммуникатсионӣ, ки тавассути гурӯҳ амалӣ гардонида мешавад; – истифода бурда шуд.
Машғулиятҳои курси мазкур пас аз баргузории тренинги аввалини ориентатсионӣ (шиносоӣ), ки дар шаҳри Душанбе устодони муассисаҳои олиро ҷамъ оварад, оғоз шуд. Тренинги аввалин бо мақсади ба таври муфассал шинос намудани иштирокчиён бо нақшаи чорабиниҳои курси мазкур гузаронида шуд.
Тибқи барномаи мазкур ва стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи аввал 50 нафар омӯзгорони муассисаҳои олии кишвар барои такмили ихтисос дар самти зеҳни сунъӣ ҷалб карда шуданд. Тибқи озмуни интихоби довталабон ба курсҳои мазкур аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон 5 нафар омӯзгорон шомил гардиданд.
Оғози расмии барномаи умумиҷумҳуриявии такмили ихтисоси устодони мактабҳои олии мамлакат дар соҳаи зеҳни сунъӣ, ки дар ҳамкорӣ ба ташкилоти ҷамъиятии “ТаҷРапт” ва Барномаи рушди СММ амалӣ гардонида мешавад, бо иштироки Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шералӣ Кабир, намояндаи Барномаи рушди СММ, муҳтарам Ленни Монтиел ва дигар намояндагони сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва роҳбарони ширкатҳои молиявиву телекоммуникатсионии мамлакат, санаи 24 июни соли 2022, соати 09:00, дар бинои китобхонаи миллии Тоҷикистон (дар ш. Душанбе) баргузор гардид.
Дар доираи тренинги аввал, ки дар ш. Душанбе баргузор гардид иштирокчиёни курси мазкур ҳамчунин аз лабораторияҳои зеҳни сунъӣ, ки дар заминаи ширкати zypl.ai ташкил карда шудааст, дидан намуданд.
Тренинги навбати санаи 12.11.2022 дар Филиали Донишгоҳи технологӣ дар ш. Исфара баргузор гардид. Дар тренинги мазкур татбиқи амалии донишҳои дар давоми 2 моҳ тариқи маҷозӣ гирифтаи иштирокчиён ба роҳ монда шуд.
Тренинги сеюм, ки 5 рӯзро дар бар мегирифт аз санаи 17 то 21 январи соли 2023 дар санаторияи Баҳористони ш. Гулистон баргузор карда шуд. Маросими мазкур барои бозҳам мустаҳкам кардани дониши омӯзгорон равона карда шуд.
Дар анҷоми тренинг иштирокчиён лоиҳаҳои худро пешниҳод намуданд. Дастаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон лоиҳаи худро дар самти “Биниши компютерӣ (компьютерная зрения)” пешниҳод намуд, ки аз ҷониби мутахассисон баҳои баланд гузошта шуд ва маслиҳатҳои муфид ҷиҳати такмили ин лоиҳа дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки барномаи мазкур аз ташкил ва гузаронидани дарсҳои маҷозӣ (онлайн) тавассути платформаи Zoom дар як ҳафта 2 маротиба иборат буда, ҳамчунин 3 вохурии офлайн (тренинг дар се шаҳр – Душанбе, Исфара ва Гулистон) гузаронида шуд. Барнома аз 3 модул иборат буд: Омор – 16 соат; Барномасозӣ Python бо таваҷҷуҳ ба омӯзиши мошинӣ – 9 соат; Омӯзиши мошинӣ – 11 соат. Кор бо лоиҳаҳои шахсӣ – 3 моҳро дар бар гирифт. Омӯзгори асосии барнома (инструктор) Лоиқ Миров.
Пас аз анҷоми барномаи мазкур тариқи супоридани лоиҳаҳои инфиродӣ ва даставӣ ба омӯзгорони муваффақ Сертификатҳо дода шуданд. Аз донишкада 5 нафар соҳиби сертификати такмили ихтисос дар ин самт гардиданд. Маросими супоридани сертификатҳо санаи 22.06.2023 дар ш. Хуҷанд бо роҳбарии Роҳбари ТҶ “ТаҷРапт” Ғафурова Гулнора ва дигар шахсонӣ воломақом баргузор гардид.
Курси маскур имконият дод, ки омӯзгорон донишу маҳорати худро дар самтҳои саноатии кишвар бо назардошти технологияҳои зеҳни сунъӣ тақвият бахшанд.
Ҳамасола мутахассисони кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ дар конференсияву курсҳои бозомӯзӣ доир ба технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ширкат варзида сатҳи донишу малакаи кории худро баланд мебардоранд. Масалан н.и.т., дотсенти кафедра Ашӯров Х.Ё. санаи 27.11.2024 дар IT-форуми минтақавии «Цифровое партнерство», ки дар маркази омӯзишии Бонки миллӣ дар ш. Гулистон шуда гузашт иштирок намуд.
Инчунин Ашӯров Х.Ё. барои баланд бардоштани сатҳи малакаи худ аз 25.11.2024 то 27.11.2024 дар курси кӯтоҳмуддат оид ба нейросет, ки тариқи онлайн дар Ҷумҳурии Қазоқистон гузашт, ширкат намуда соҳиби сертификати махсус гардид.
Айни ҳол ду нафар омӯзгорони донишкада дар доираи барномаи ITEC (ИТЕК), ки бо сарпарастии сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шудааст, аз озмун барои такмили ихтисос бо муваффақият гузашта рӯзҳои наздик барои омӯзиши курсҳои кӯтоҳмуддат дар самти зеҳни сунъӣ ва иқтисодиёти рақамӣ ба донишгоҳҳои бонуфузи Ҷумҳурии Ҳиндустон сафарбар карда мешаванд.