КАБӮТАР ОГАҲ ЗИ АСРОРИ СУЛҲ АСТ….

Баробари дар фазои Тоҷикистон ба парвоз омадани кабӯтари сулҳ, сафи донишҷуён ҳам ҳатто аз байни духтарон рӯ ба афзоиш ниҳод. Гувоҳи ин дар донишгоҳҳои техникӣ низ ба таҳсил фаро гирифтани бонувон мебошад.  Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлати соли 1991, айёми душвору пуртазод, нооримиву низоъҳо ва ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронид. Дар ин солҳо мардуми кишвар ба амалҳои ғайриинсонии аъзоён ва тарафдорони наҳзатиҳои террористу ифротгаро дучор гардид. Идомаи минбъдаи ин ҳолат метавонист боиси пора-пора гардидани давлати тоҷикон гардад, таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.

Аммо тӯдаи риёкорон бандаи нафсу хурофот шуда шомили ҳизби динӣ шуданд. Ҳизби террористии наҳзати исломӣ боиси ҷанги шаҳрвандии кишвар ва кушта шудани ҳазорон ҳазор ҳамватанон гардид. Ин ҳизб на фақат бар хилофи манофеи миллии мо ва бар зарари мардуми Тоҷикистон амал мекунад, балки он ҳамзамон дар сатҳи минтақа низ бо шабакаҳои маъруфи террористии бунёдгаро ҳамкорӣ карда, боиси идома ёфтани даҳшатпарокании ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ мегардад.

Ҳамзамон, боиси таасуф аст, ки имрӯз дар ҷомеа ашхоси ифротию хурофотзадае ҳам ҳастанд, ки мисли наҳзатиҳои террорист дар асоси назариёти пучу бемаънӣ ва сохтаву бофтаи худ амал карда, аз дуруғу тавтеа ахбореро байни мардум паҳн мекунанд, ки гӯё ҷашн гирифтани Наврӯз аз нигоҳи дин ҳаром бошад ва ҳар нафаре, ки Наврӯзро ҷашн мегирад, наҳзатиҳои палид кофираш мехонанд.

Лозим ба ёдоварист, ки то ҳол наҳзатиҳои террористу ифротӣ дар якҷоягӣ  бо дигар думравонаш сиёсати паси пардагии худро бо даст доштани барномасозон ва сарпарастони хоҷагони бурунмарзиашон идома дода, дар расонаҳои интернети дуруғу буҳтонҳоро ба сари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми он раво дида, мехоҳанд бо ин васила ба мақсадҳои нопоки худ расанд. Онҳо мунтазам таҳқири давлату миллати тоҷикро ба воситаи сомонаҳои интернети идома дода тариқи ташвиқоти нодурусти худ онҳо мехоҳанд сафи худашонро зиёд кунанд. Аммо доғе, ки аз ҷониби ин хоинони миллату давлат дар қалбҳои мардуми шарафманди кишвар гузоштаанд ҳеҷ гоҳ зудуда намешавад ва насли даврони истиқлол ба ин зархаридони хоҷагони хориҷӣ бовар надоранд.

Бояд ҷавонони имруза зиракии сиёсиро аз даст надода, бобати таҳкими истииқлолият саъю кушиш ба харҷ диҳанд. Аз илми муосир баҳраёб шуда, чун мутахасиси баркамол ба Ватан хизмат расонанд. Танҳо дар он сурат зери самои нилгун кабутарони сулҳ пайваста болавшонӣ мекунанд.

 

Вали Қобилов, омузгори ДКМТ