Касофат ва разолат, хиёнат ва хоинӣ аз зишттарин амалҳоест, ки ҳама гуна ҷамъият онро маҳкум менамояд. Нафаре, ки хиёнат мекунад, аллакай манфуртарин фарди ҷомеа ҳисобида мешавад. Аммо ҳастанд афроде, ки аз барои пулу мол даст ба хиёнат мезананд ва рӯзгорашонро бо пули хиёнат ва хоинӣ обод карданӣ мешаванд, ки ин бисёр ҳам амали нангин ва нодуруст мебошад. Зеро рӯзгоре, ки бо пули ҳаром ва хиёнат обод мешавад, на рӯзгори ширин, балки рӯзгори ҳайвонони одамсурат аст. Раиси ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ низ аз зумраи ҳамин тоифа одамсуратоне ҳайвонсират аст, ки ҳоло барои пеш бурдани зиндагияш ва зиёд намудани анвои тиҷораташ даст ба хиёнаткорӣ зада, бар алайҳи миллати тоҷик, бар алайҳи сулҳу салоҳ ва оромӣ мубориза мебарад, ки ин як хиёнати маҳз мебошад.
Ҳамон гуна, ки маълум аст, ТТЭ ҲНИ як лоиҳаи террористӣ буда, аз ҷониби душманони миллати тоҷик сармоягузорӣ мешавад ва ҳамарӯза барои иғвобарангезиву дасисабозиҳояшон наҳзатиён аз хоҷагони хориҷияшон маблағ мегиранд, ки ин хиёнати нобахшиданист.
М. Кабирӣ ҳамчун ҷосус ва террористӣ соҳибтаҷриба барои амали намудани барномаҳои террористии хоҷагони хориҷияш, тарғиб намудани ғояҳои ифротӣ дар ҷомеа вазифаи миёнаравро иҷро мекунад ва аз ин ҳисоб пули ҳангуфте ба даст меоварад. М. Кабирии хиёнаткор чандин расонаи иғвобарангезро таъсис додааст, ки мақсаду маромаш ҳам хиёнат бар миллати тоҷик мебошад.
Д.Давлатов
омӯзгори ДКМТ