КАБИРӢ ФАРМОНДЕҲИ АМАЛИЁТИ ГЕНЕРАЛИ ХОИН, НАЗАРЗОДА

Аз мусоҳабаи охирини роҳбарияти ТЭТ ҲНИ, М. Кабирӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимомӣ паҳн гардидааст, ошно гаштам. Ва бо тамоми он маълумотҳо ва донистаҳои хеш бобати фаъолияти ин намояндаҳои наҳзатиҳо, ҳамаи гуфтаҳои Кабириро маҳкум менамоям. Дар асл Кабирӣ бо кадом ақлу заковаташ гуфтааст, ки: «Агар бихоҳем ин мавзӯъро дар як ҷумла хулоса кунем, бояд решаҳои ҳодисаи сентябри соли 2015-ро дар рафторҳо ва тасмимоти Раҳмон байни солҳои 2010 то 2015 ҷустуҷӯ кард. Танҳо омили таҳриккунандаи Раҳмон барои ин рафтору тасмимот тарс буд ва ҳанӯз ҳам ин омил рафторҳои вайро таъйин мекунад». Ва боз дар идомааш номи кадом як «бошахситон» – ро номбар карда гуфтааст, ки: «Аммо Яъқуб Салимов, Ғаффор Мирзоев ва Назарзода женеролҳои бошахсият буданд. Барзу Абдурраззоқов сиёсатмадор нест, руҳонӣ ҳам нест ва пуле ҳам надорад. Як коргардони бе саҳна, бе теотр ва саргардон аст. Аммо Раҳмон аз ӯ метарсад».

«Ҷаноб» – и Кабириро лозим меояд, ки бори дигар аз ҳама ҷанба то чи андоза бошахсияту бо ҳуввият будани Пешвои муаззами кишварро омӯзад. Тавре, ки дар боло номи он «бошахсиятон» -хоину бародаркушро номбар кардам, на танҳо Эмомалӣ Раҳмон балки ягон шаҳрванди баору номуси миллат, бо чунин нохалафону афомфиребон дар як саф истодан намехоҳанд. Аз ҳамин лиҳоз барои Пешвои миллати чи зарурату ҳоҷат аст, ки ба мисоли генерали хоину ватанфурӯш Абдуҳалим Назарзода ва чанди дигар хоинон тарсад. Кабирӣ суханонро бояд гӯи, ки касе ба он бовар кунад. Охир ту кӯдак нестӣ – ку? То бигуӣ, ки аз ину аз он ӯ метарсад.

Дар кадом ҳамин номбурдаҳоят дараҷаи бошахсияти дидаӣ? Дар асл ҳатто дида ҳам наметавонӣ чун ту худ ягон ҳисси мардигарию бошахсияти нодорӣ. Агар ин хислатҳоро медоштӣ, имрӯз алайҳи ватани худ намебаромадӣ. Гузашта аз ин ҳазорон нафари дигарро муқобили давлату миллат намесохтӣ. Айнан мисли ҳамин изҳороти додаат.

Пешвои миллат, зумрае аз онҳо нест, ки ту фикр кардаӣ. Дар масъалаи тӯдаи одамон бошад, бояд ҳушдор диҳам, ки ҳар ташрифи Пешвои миллат ба ҳар минтақа як рӯзи ид аст. Иде, ки фаромӯш намешавад. Ин суханони ту ҳамаи аз кинаву ҳасодат аст, чун туро дар ягон ҷое чунин пазироӣ накардаанд, шояд дар анҷумани оилаат низ ба чунин пазируфтагӣ ноил нагардидаӣ.

 

Мирхолиқова М.

омӯзгори калони кафедраи сохтмон