КАБИРӢ НОМАРДЕ АЗ ҶАМЪИЯТИ ТЕРРОРИСТОН

Ҳоло ҳамон гуна, ки ба ҳамагон маълум аст, М.Кабирӣ яке аз саркардагони ТТЭ ҲНИ хоини рақами 1 ва душмани миллати тоҷик имрӯз, дар кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурда, бар алайҳи миллати тоҷик иғвобарангезӣ мекунад, ки ин хиёнати маҳз мебошад. Кабирӣ ҳамчун хиёнаткор дар назди миллати тоҷик шинохта шудааст ва хиёнатҳои зиёде кардааст, ки миллати тоҷик ҳаргиз ӯро нахоҳад бахшид.

Имрӯз, Кабирии террорист дар кишварҳои аврупоӣ бар алайҳи миллат дасисабозӣ намуда, мехоҳад обрӯву нуфузи миллатро дар арсаи байналмилалӣ паст занад, ки ин хиёнати нобахшиданист. Кабирӣ нафарест, ки нонро хӯрда ба намакдон туф кардааст ва ин амал хоси мардон нест. Танҳо номард қодир аст, ки ба хони хӯрдааш туф кунад ва Кабирӣ ҳам ҳаминхел хоин мебошад, ки бар Ватани худаш хиёнат кардааст.

Кабирӣ ҳоло ғуломи охундҳо гардидааст, ки бо амру супориши онҳо хизмат мекунад ва мақсаду маромаш ҳам амали намудани мақсадҳои нопоки ҳамин хоҷагонаш асту халос. Мақсаду нияти Кабирӣ ин душманӣ бар миллати тоҷик мебошаду мехоҳад, ки дубора мисли солҳои 90-ум дар кишвари мо ҷанги шаҳрвандиро ташкил намуда, мақсадҳои нопоки хоҷагонашро амалӣ гардонад, ки мо ҳаргиз иҷозат намедиҳем, ки хоини наҳзатӣ ба ин мақсади нопокаш бирасад.

Ҷомеа, бояд огоҳ бошад, ки хоинони миллати тоҷик ба мисли Кабирии террорист ва дигар палидони фирорӣ мақсадашон душманӣ бар миллат асту халос.

Д.Давлатов

омӯзгори ДКМТ