КАБИРӢ НАМОЯНДАИ СОЗМОНИ ТЕРРОРИСТИИ “АЛ-ҚОИДА” ДАР ОСИЁИ МИЁНА

Имрӯзҳо мебинем, ки ифротгароӣ ва терроризму экстремизм ба тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти мардум хатар эҷот мекунад ва ба як вабо табдил ёфтааст. Воқеан ҳам терроризм ва экстремизм имрӯз барои аҳолии башар мусибат эҷод мекунад, ки ин бар хилофи қонунҳои башарист.

Ҳамин гуна як созмони террористии душмани башарият ин ТТЭ ҲНИ мебошад, ки зери роҳбарии М. Кабирии хоин имрӯзҳо барои гумрорҳ намудани ҷавонон, барои ноором намудани ҷомеа талош мекунад. Аъзоёни ТТЭ ҲНИ аз хунхортарин ва разилтарин террористоне мебошанд, ки аз мактабҳои байналмилалӣ таълими террористӣ гирифтаанд.

Худи М. Кабирии манфур ба манфиати созмони террористии “Ал-Қоида” фаъолият мебарад ва бар асоси маълумотҳо ТТЭ ҲНИ қаноти ҳамин созмони террористӣ дар Осиёи Миёна мебошад. М. Кабирӣ аз манфуртарин зархаридон аст, ки бо супориши хоҷагони хориҷияш ва аз ҷумла бо супориши кишвари ба мо маълум имрӯзҳо бар алайҳи миллати тоҷик душманӣ меварзад ва нияти нопоки душманони моро амалӣ кардан мехоҳад, ки ин нобахшиданист.

Хиёнатҳои аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳаргиз бахшида намешаванд ва миллати тоҷик дигар М. Кабирӣ сарвари террористони наҳзатиро барои хиёнату хиёнаткорӣ ва душманӣ варзиданаш бар миллату Ватан лаънат  менамояд.

Кабирии манфур аз террористоне мебошад, ки барои аз байн бурдани давлати миллии тоҷикон талош мекунад ва мо ҳаргиз ин малъунро нахоҳем бахшид.

Д.Давлатов

омӯзгори ДКМТ