Дирӯз, М. Кабирии хоин ва касифу бадкеш ба хотири фиреб додани ҷомеа ва боз ҳам дасисабозӣ намудан бо як қатор донишҷӯёни муқими эронӣ суҳбати маҷозӣ дошт, ки ин суҳбат бештар ба як маркази дасиса шабоҳат дошт.
Аммо чизи дигаре, ки дар ин суҳбат воқеияти Кабирии террористро ошкор намуд, ин аъзои маҳфили аҳли ташайюъ будани Кабирии хоин ва наҳзатиёни манфур мебошад. Бори дигар маълум шуд, ки Ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ бо маблағи шиаҳо ташкил карда шудаасту пойбанди ғояҳои онон мебошад ва ҳамин аст, ки ҳатто дар моҳи шарифи Рамазон ҳам Кабирии хоин ва террорист дар минбар бо террорисчаҳои мадрасаи “Ал-ъоламия” сҳбат карду аз иғвоҳояш гуфт.
Яъне ин ҷо бори дигар исбот шуд, ки дигар наҳзатиёни террорист ва хоин душмани миллату мусалмононанду фақат аз ислом ба хотири расидан ба ҳадафҳои нопокашон истифода мебаранду халос.
М. Собирова
омӯзгори ДКМТ