КАБИРӢ ВА САФСАТАҲОИ НАВБАТИЯШ ДАР ДОНИШГОҲИ ҶОРҶ ВАШИНГТОН

Муҳиддин Кабирӣ аз террористони наҳзатӣ ва ҳамзамон ҷинояткори гуреза, роҳбари ТТЭ ҲНИ ва ҳамчунин созмони террористии дигар ТТЭ ПМТ санаи 16 сентябр дар як  Барномаи Осиёи Марказии Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон (Амрико) ллсуханронӣ карда, ба ҷойи баланд бардоштани обрӯву мақоми миллати тоҷик, давлати тоҷикон, баръакс бар алайҳи миллат баромад намуда, ҳар қадар тавонистааст бар алайҳи миллат сафсата хонад.

Маълум аст, ки Кабирӣ мисли ҳарвақта ба достони дурӯғ ва иғвобарангезияш пардохта дар ин суханронияш низ кӯшиш кардааст, то мисли ҳамеша борони тӯҳмату бӯҳтонро ба сари миллати тоҷик бирезад.

Аммо М. Кабирӣ як чизро фаромӯш кардааст, ки ин ҳама дурӯғгуфтанҳо ва сафсатаҳояш ӯро ҳаргиз аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намекунаду ӯ ҳатман дар назди қонун бояд бар хиёнатҳояш ҷавоб гардонад. Табаддулоти давлатие, ки Кабирии террорист мехост бо Ҳоҷи Ҳалим анҷом диҳад, лоиҳаи комилан террористи ТТЭ ҲНИ ва хоҷагони хориҷияш буд, ки бевосита онро М. Кабирӣ идора мекард.

Ҳатто робитаи мустақимаш бо созмонҳои террористӣ исбот шудааст, ки дигар ин суханрониву туҳматгариҳои Кабирии террорист кор нахоҳад дошту миллат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин хуб огоҳ мебошад.

Суханронии навбатии Кабирии террорист ва хоину бадкешро метавон як навъ тавтеаи навбатӣ дар шароити кунунӣ номид. Чунки М. Кабирӣ ҳамеша тарафдори ноором намудани ҷомеа, гумроҳ намудани миллат асту мехоҳад, аз вазъият сӯистифода намуда, ҳамон сенарияи қаблии наҳзатиён яъне пора-пора кардани Тоҷикистонро амалӣ гардонад. Вале миллати тоҷик ба сафсата ва ин тавтеаи М. Кабирии террорист ҳаргиз дода нахоҳад шуду таваҷҷуҳе ҳам нахоҳад кард. Зерро миллат аллакай як маротиба ба ин наҳзатиёни хиёнаткор бовар намуда, заҳри боварро чашид ва фаҳмид, ки ба хато роҳ додааст ва ин иштибоҳашро дубора такрор нахоҳад кард.

Чуноне, ки мегӯянд кӯр асояшро як маротиба гум мекунад. Ва ҳатман бояд М. Кабирӣ ҳам огоҳ бошад, ки ҷомеаи Тоҷикистон имрӯзҳо бидуни ТТЭ ҲНИ ва аъзоёнаш зиндагии хубу осоишта ва беҳтарро ба даст овардаасту намехоҳад дигарбора шоҳиди қатлу куштор ва ваҳшигариҳои наҳзатиён гардад.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ