КАБИРӢ БОЗИЧАИ ҚАЛБАКӢ АСТ

Масъалаи муборизаи дастаҷамъона бо терроризму ифротгароӣ ва ҳамагуна зуҳуроти номатлуб имрӯз дар меҳвари фаъолияти ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ қарор гирифта истодааст. Зеро ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон террорист Ватан миллат ва дину мазҳаб надорад. 
Вобаста ба ҳамкориҳои судманд ва сиёсати ягона дар самти муқовимат бо зуҳуроти номатлуб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз зимни суханронии хеш дар мулоқоти сарони давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба 60-солагии ташкилёбии СММ 14 сентябри соли 2005 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баён дошта буданд, ки “Зимни баррасии сиёсӣ ва ҳуқуқии амалиёти тарсондан ва ба воҳима андохтани аҳолии осоишта набояд ба меъёрҳои духӯра роҳ дод: зеро чӣ тавре ки террористони «мӯътадил» ва «ғайримӯътадил» нестанд, террористони «худӣ» ва «бегона» низ вуҷуд дошта наметавонанд. Ҷомеаи ҷаҳон бояд дар мубориза ба муқобили ҳар гуна шаклу зуҳуроти терроризм ба меъёрҳо ва стандартҳои ягона риоя кунад”.
Дар ин радиф Тоҷикистон ташаббускори пешсафи мубориза бо терроризму ифротгароӣ маҳсуб меёбад. 
Аз ҷумла Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони кишварҳои олам фаъолона ширкат ва суханронӣ намуданд. 
Аз ҷумла дар кори конфронси мазкур Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар низ ширкат ва суханронӣ намуда, оид ба маҳкумияти фаъолияти ғайриқонунии ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом андешаҳои хешро чунин баён намуд, ки “Тоҷикистон ҳизби наҳзатро бидуни шарту шарои ҳамчун ташкилоти террористӣ манъ кард. Иҷозат диҳед, ин қарорро ба вокуниши диалектикӣ миқёсӣ намоям. Идеологияҳои ин ҳизб зери мафҳуми «наҳзат» чӣ маъно доранд? Чун мусулмон манн ба таваллуди Ислом бовар дорам, зеро ки таваллуд аз Худованд омадааст. Ин наҳзати қалбакӣ-кори одамони гумроҳ аст. Худованд Исломро қосиди сулҳ офаридааст. Ин одамони бадгумонанд, ки Исломро ба воситаи асбоби ҷанг табдил додаанд. Худованд Исломро ба эътимоди плюрализм табдил дод: Қуръони Карим мефармояд: «Лакум диникум вал ядим» (Имони Шумо барои Шумо ва имони ман барои ман). Роҳбарони гумроҳи наҳзатӣ имонро ба зулми одамони дигар дину эътиқод табдил додаанд”. 
Бо дарки фаъолияти террористии наҳзат кишвари Ҳиндустон низ ин ташкилотро дар кишвараш террористӣ эътироф намуд, ки бори дигар аз ҳамовозии кишвари Ҳиндустон аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар амри мубориза бо зуҳуроти номатлуб маҳсуб меёбад.

Аз ин хотир, ба гуруҳҳои тундрав шомил шудани иҷавононро маҳкум менамоем.

 

Шӯҳрат Кенҷаев,

ассистенти кафедраи Т ва ТМ-и ДКМТ