КАБИРӢ БЕШАРАФТАРИН ХОИН

Ҳоло маълум гардид, ки хоинони миллати тоҷик дар хориҷи кишвар бар алайҳи миллат мубориза бурда, талош мекунанд, то ҷомеаро гумроҳ намуда, мақсадҳои нопоки худро амалӣ гардонанд. Яке аз чунин хоинони бадсиришт ва бадкеш М. Кабирии хоин ва террорист мебошад, ки бо сармоягузории хоҷагонаш имрӯзҳо бар алайҳи миллати тоҷик меҷангад ва ҷомеаро ба гумроҳӣ мебарад.
Каюирӣ ҳоло дар Аврупо қарор дорад ва аз он ҷо истода, бар алайҳи ҷомеаи тоҷик мубориза мебарад ва кӯшиш мекунад, бо роҳи фиребу найранг ва макру ҳилла тоҷиконро дубора гумроҳ намуда, ҳамон сенарияи солҳои 90-умро такрор намояд, ки ин хиёнати рӯирост ва душмании маҳз мебошад.
Кабирии бешараф аз инсонҳои бадкеш ва малъун буда, талош менамояд, то ҷавононро гумроҳ сохта, ободиву пешрафти ватанро боз дораду миллатро дар ранҷу азоб бинад. Хоинони наҳзатӣ зари роҳбарии Кабирии террорист имрӯз оддитарин пешрафти кишварро зери суол бурда, кӯшиш менамоянд, то дар арсаи байналмиллалӣ обрӯву мақоми тоҷиконро паст занад.
Кабирӣ душмани миллати тоҷик мебошад ва бояд насли ҷавон донанд, ки Кабирӣ аз малъунтарин хоинонест, ки ба хотири пулу мол ҳатто виҷдонашро фурӯхтаасту асло номуси инсонӣ надорад.
М. Абдусаломов
омӯзгори ДКМТ