КАБИРӢ АЗ ДИН ВА СИЁСАТ БА МАНФИАТИ ШАХСӢ ИСТИФОДА МЕКУНАД!

Дар асоси идеяҳои ифротӣ ва мазҳабии бегонаситезӣ охирҳои соли 90-уми асри гузашта ба вуҷуд омадани ҳизби наҳзати исломӣ (ТЭТ ҲНИ)  дар Тоҷикистон ҳамагонро ба ҳайрат гузошта буд. Аммо муассисон ва роҳбарияти ҳамонвақтаи ҳизби ифротии наҳзат аз боварҳо ва ахлоқу фарҳанги мардум истифода намуда дар як муддати кӯтоҳ аъзо ҷамъ намуданд. Ҳарчанд он солҳо мардум дарки дурусти масъаларо надошт, аммо поягузорони наҳзат бо супориш ва сарпарастии хоҷагони хориҷии аз ҳар воситае истифода намуда худро ба мардум ҳамчун инсонҳои содиқ ба дину мазҳаб ва Ватан муаррифӣ менамуданд. Барои ба таври содда ва ё худ зуд истифода намудани боварии мардум ва соҳиб шудани мақоме наҳзатиёни ифротиро ҷосусони хориҷӣ махсус бо барномаҳо ва идеяҳо таъмин менамуданд. Ин аблаҳон дар навбати худ мо ба Шумо хизмат менамоем гуфта, мардуми оддиро, ки дар як ҳолати ногувори психологӣ қарор дошт ба гумроҳӣ мебурданд.

Ҳамин буд, ки дар як муддати кӯтоҳ ҳизби ифротии наҳзат ҷавонони зиёдеро гирди худ ҷамъ намуда, онҳоро ба кишварҳои Эрон ва дигар кишварҳои хориҷӣ ба омӯзиши ҳарбӣ-динӣ фиристод. Ин гурӯҳҳо дар урдугоҳҳои террористӣ, мазҳабӣ ба таври комил омӯзиши ҳарбӣ-мазҳабӣ гирифта, ба Тоҷикистон баргаштанд ва барои несту нобуд кардани олимон, чеҳраҳои саршинос ва мардуми оддӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки ташкилкунандагони аслии ҷанг ҳамин ТЭТ ҲНИ буд, саҳм гузоштанд ва садҳо сокинони бегуноҳро ба қатл расониданд.

Пас аз дубора баргаштан ба ватан ҳам ин палидон ва хоинони ватанфурӯш ба кори худ идома дода, ба хизмати хоҷагони хориҷии худ содиқ монданд. Саркардагон ва пайравонаш мазҳаби шиаро, ки бар хилофи мазҳаби ҳанафӣ мебошад, пазируфтанд ва аз рӯи он амал менамуданд.  Ин афроди лагандбардор фақат мехостанд, мардумро бовар кунонида соҳиби курсии давлатдорӣ гарданд ва аз ҳамин лиҳоз вазифаи муқаддаси хизмат ба халқ, ҳифзи фарҳангу забонро фаромӯш намуда, ба таври комил ба тарғиби мазҳаби шиа шуруъ намуданд. Садҳо ҷавононро гумроҳ намуда, гирифтори ин мазҳаб, ки баъзан рафтори пайравонаш бар хилофи дини ислом аст, намуданд.

Дин ва махсусан дини мубини ислом барои ин тӯдаи бесавод ва авбош як василаи истифода ва мақсаднок барои расидан ба курсии давлатдорӣ буд.

Аз ин лиҳоз, саркардагон ва аъзоёни раёсати ин ҳизби террористӣ мехостанд, ба ҳар роҳе, ки набошад ба мақсади худ бирасанд. Ба ҳамин ният бо умеди хоҷагони хориҷии худ шуда, ҳамеша аз онҳо ҷонибдорӣ менамуданд ва дар кишварҳои хориҷӣ камин гирифта, ҷавононро ба гумроҳӣ даъват менамуданд.

Натиҷаи гумроҳ гардидани ин ҷавононро мо дар тамоми гӯшаву канори дунё дида истодаем. Пас аз табаддулоти нофарҷом роҳбарон ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ ба хориҷа фирор намуданд. Зеро мақсади ин табаддулот ҳам бо роҳҳои зӯрӣ соҳиб гардидани курсии давлатдорӣ буд. Ҳарчанд ин масъаларо мардум кайҳо фаҳмиданду дер боз медонанд, ки дигар дар Тоҷикистон тарафдор надоранду касе ба гапашон гӯш намедиҳад, лек ба ҳамин ҳам сар хам накарда кӯшиш менамоянд, то тариқи шабаҳои иҷтимоӣ ба мағзи ҷавонон ақидаҳои ифротии хешро ҷой диҳанд.  Ман гумон мекунам, ки ин масъала ҳаргиз ҳамин хел беҷавоб намемонад ва ҳатман рӯзе ҷавонон ба ин посух хоҳанд гуфт.

Бармегардем ба сари мақсад ва масъалаи асосии ТЭТ ҲНИ, ки имрӯзҳо пайравонаш бо шумули чанд нафар дар хориҷ ҳастанду худро мухолифин ва гурезаи сиёсӣ сабт кардаанд, ҳаргиз наметавонанд ба мақсад бирасанд. Зеро онҳо на тарафдор доранду на нафаре  ҳаст, ки ба онҳо бовар кунад. Бубинед касе ба онҳо бовар кард, ҳатман фиреб хӯрд ва аз зиндагии шоиставу лаззати дунё маҳрум гардид. Зеро Кабирӣ ва хешовандонаш аз хориҷиён пул гирифта, ҷавонро бо роҳи фиреб аз кишвар ба Сурия ба сафи қувваҳои террористии ДОИШ фиристоданд, ки аксарияти ҷавонон пушаймангардида, инро зикр менамоянд.

Чизи дигар аз корнамоиҳои Кабирии хоин он аст, ки вай дар кишварҳои хориҷӣ баромад намуда, ба ҷойи аз некиву пешрафтҳо ва фарҳангу ҳунари миллат сухан рондан, миллати тоҷикро зери риштаи танқид мекашад. Зеро ин ҷо ҳам мақсади ин палид фақат ва фақа як чиз аст, вай мехоҳад, ки обрӯву нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ барҳам занад.  Вай ҳамеша талош мекунад, то ҳадди ақал як дурӯғ ва тӯҳмати бедалел ба ҷониби кишвар партояд. Мақсади хоҷагони хориҷияш ҳам ҳамин аст, ки мехоҳанд Тоҷикистонро ба пуррагӣ несту нобуд созанд ва ин Кабирии террорист дар ин роҳ ба онҳо ҳамчун саги вафодор хизмат мекунад. 

Ёдовар шудани як нуктаро ин ҷо хеле муҳим ва зарурӣ меҳисобам, ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта саркардагони ин ҳизб дар Тоҷикистон тухми низоъ барангехта мехостанд, Тоҷикистонро ба қисматҳо ҷудо намоянд, вале Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хирадмандиву далерӣ ва зиракии сиёсиву ҳисси ватандӯстияшон нагузоштанд, ки миллати тоҷик хору залил гардад ва пеши роҳи ин ҳама ҷангҳои таҳмилии бемаъниро гирифтанд.  Аммо ин ҳарчанд бар нафъи миллат ва давлати тоҷикон буд, лек аз ин саркардагони ҷанг ва ё худ ҳайати террористҳои  ТЭТ ҲНИ ба хашм омада буданд ва бар зарари онҳо буд. Чаро?

Зеро онҳо мехостанд, ки миллати тоҷикро, давлати Тоҷикистонро пурра торумор намоянд,т несту нобуд созанд,  аммо ба мақсад нарасиданд. Ин албатта ба онҳо маъқул набуд ва ба ҳамин хотир ба ҳар роҳу воситае мехостанд миллатро  ба гумроҳӣ мекашиданд, то ба курсии давлатдорӣ нишаста аз ҳамин роҳ имкониятҳои миллатро маҳдуд созанд, зеро ин фармоиши хоҷагони хориҷияшон аст.

Ҳоло, ки чанд нафар дар хориҷ ҳастанд ва онҳоро низ Кабирии хоину террорист мутаҳҳид сохтааст, ба таври комил гумроҳ гардида, намедонанд чӣ кор кунанд? Ба сарсониву саргардонии худ тоб наоварда имрӯзҳо, ки дар Варшава ҷаласаи САҲА баргузор мегардад, ширкат намуда, дурӯғу сафсатагӯиро пеш гирифтаанд. Ҳамин худ гувоҳ бар он аст, ки инсони меҳанпараст ва миллатдӯст ҳаргиз дар ҳар ҳолате набошад дар назди миллатҳои бегона аз айби миллати хеш намегӯяд. Аммо ин палидон ва авбошони сарироҳӣ на танҳо ҳақиқат, балки ба таври комил дурӯғ гуфта, ҳатто иғвоангезӣ менамоянд. Пас чӣ гуна мешавад, хулоса кард, ки инҳо ба манфиати миллат кор мекунанд???

Албатта инҳо ба манфиати киссаи худ ва хоҷагони хориҷияшон кор мекунанд ва мақсадон ҳам соҳиби курсӣ шудану кайфу сафо намудан ҳасту халос.

Албатта,  банда ин амалҳои номатлубро маҳкум намуда, симои зоҳирии аъзоёну пайравони ТЭТ ҲНИ-ро беҳтару хубтар аз ҳама медонам, мехоҳам  ба ҷаҳониён бозгӯ созам ва бахусус насли ҷавонро аз гумроҳӣ наҷот бидиҳам.

                                                                                                     Парвизи Машҳур

                                                                                                      омӯзгори ДКМТ