Кишвари мо Тоҷикистон-хонаи ҳамаи мо тоҷикон имрӯз хеле пеш рафтаасту тараққӣ намудааст, ки ин ҳам ба шарофати талошҳо ва заҳматҳои Сарвари хирадманду муаззами давлатамон мебошад. Ҳоло сокинони Тоҷикистон дар шароити беҳтар ва дар фазои сулҳу салоҳ ва оромӣ зиндагӣ менамоянд, ки ин бахти баланд барои ҷомеа мебошад. Ҳоло Тоҷикистон дар раддабандии созмонҳои байналналмиллалӣ дар даҳгонаи беҳтарин кишварҳои амнтарини дунё қарор дорад, ки инро ҳам ба инобат нагирифтан кори хатост. Ин ҳам бахти баланди миллати тоҷик мебошад.
Аммо имрӯз иддае аз душманони миллат талош мекунанд, то ҳамин имкониятҳо ва ҳамин саодату сулҳу оромии кишварро, ки барои миллат хеле азиз аст, аз байн бибаранд. Ин гурӯҳҳои зархарид аъзоёни ТТЭ ҲНИ мебошанд, ки барои гумроҳ кардани ҷомеа дасисабозиву иғвобарангезӣ менамоянд. Ҳамон гуна, ки бузургон мегӯянд ин гурӯҳҳои террористӣ мақсаду маромашон ҳам на эҳтироми инсон, балки эҳтироми салла мебошад, ки ин бар хилофи арзишҳои маданӣ мебошад. Ҳоло саркардаи террористони наҳзатӣ М. Кабирии хоин ба хотири фиреб додани ҷомеа ва гумроҳ кардани онҳо бо фармони хоҷаҳои хориҷияш бештар талош меварзад, то мардумро гумроҳ созаду кишварро дубора мисли солҳои 90-ум ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ тела диҳад, ки душмании рӯирост ва хиёнати маҳз мебошад.
Аз ин лиҳоз, дода шудан ба ҳиллаву макри наҳзатиён ба таври куллӣ хатост ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ, ки душманони аслии миллати тоҷик мебошанду мақсаду маромашон ҳам аз байн бурдани ҷомеаи пешрафтаи мо мебошад, ҳамарӯза бардурӯғ ахбору гузоришҳо нашр месозанд, то мафкураи насли ҷавонро хароб созанд ва ифротгароиро, ки оқибаташ терроризм аст, равнақ диҳанд.
Мо, ҷавонон ҳаргиз ба ин фиребу найранг ва макри наҳзатиёни хоин ва террорист дода намешавем ва ҳаргиз намегузорем, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ, ки душманони истиқлолияту ободии Тоҷикистон мебошанд, дубора моро фиреб диҳанд.
Давлатов Д.
омӯзгори ДКМТ