КАБИРИИ ПАЛИД МИСЛИ ШАЙТОН АСТ

Имрӯзҳо тамоми ҷаҳон дар ҳолати вазнин қарор дорад ва ҳамаи шаҳрвандон дар ҳолати бисёр ҳам парешониву яъс қарор гирифтаанд, ки ин ҳолат албатта, муваққатист ва ҳатман рӯзе хушбахтиву саодат ҳам дар пеш аст.

Аммо, чизи дигаре, ки маро дар ин давра ба ҳайрат овардааст ин ҳам бошад баромадҳои пай дар пайи наҳзатии фирорӣ ва террористӣ бадкеш Кабирии малъун мебошад, ки дар ин рӯзҳо бо мақсадҳои ғаразнок ва он ҳам гумроҳ кардани миллат суханронӣ намуда, мехоҳад ҷомеаро гумроҳ кунад ва дар ин шабу рӯз ба хотири ба мақсад расидан ин авбоши наҳзатӣ талош менамояд, ки худро ҳомии миллат  муаррифӣ кунад.

Албатта, ин барои Кабирии малъун ва душмани халқ, ки як сафсатахон аст,  осон ба даст нахоҳад омад. Зеро ҷомеаи Тоҷикистон хуб медонанд, ки Кабирии палид ва террорист душмани миллати тоҷик мебошад ва ҳамеша ҳамроҳи наҳзатиёни палид баҳри бадрӯзии миллат талош кардааст ва доимо бар Ватан хиёнат кардааст, ки инро ҳамагон хуб медонанд ва ин як бор ҳам нест, ки Кабирии палид, роҳбари наҳзатиёни манҳус мехоҳад мардумро гул занад.

Борҳо шудааст, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ бар миллат хиёнат кардаанд ва ҳамеша хиёнатро раво донистаанду ба хотири хиёнаташон аз хоҷагони хориҷияшон маблағ гирифтаанд, ки инро мо хуб медонем ва ҷомеа ба равшанӣ аз ин тарафи пинҳонӣ наҳзатиёни малъун огоҳ шудааст.

Ҳоло Кабирии малъун бошад мехоҳад бо ҳамон сенарияи қаблӣ мардумро фиреб диҳад. Ҳарчанд имрӯз аз қазияи КОВИД-2019 сӯистифода менамояд, аммо ҳақиқат ин аст, ки ин роҳбари террористони бадкеш ва сиёҳқалби наҳзатӣ бар зарари миллат кор кардааст.

Ба ёд оред, беморхонаи сироятии Сари Кишти ноҳияи Рӯдакиро, ки Кабирии малъун дар даст дошт, ба қисматҳор тақсим карда бо ҳаммаслаконаш ба фурӯш гузошт. Пас куҷои ин авбошро мешавад ғамхор гуфт?

Зеро агар ин беморхона аз ҷониби Кабирии палид ба яғмо бурда намешуд ё худ ба тақсимоти замин табдил намеёфт, мумкин буд, ки имрӯз то 500 нафарро дар худ ҷой медод. Акнун суоли матраҳ ин аст, ки агар Кабирии малъун воқеан ҳам ғамхорӣ миллат бошад, дар ояндаи миллат фикр кунад, чаро ин беморхонаро ба ҷойи обод нигоҳ доштан ба анбор табдил дод?!

Мо, сад дар сад медонем, ки роҳбари наҳзатиёни палид ва ҳаромзода Кабирии чапаргӯш ба хотири гумроҳ кардани ҷомеа талош мекунад ва ҳаракат мекунад, ки имрӯзҳо мардумро ваҳмзадаву сарсон намояд, зеро шиори душмани қаттол ҳамин аст.

Аз ин лиҳоз, аз ҳамаи шаҳрвандони кишвар тақозо мешавад, ки ба суханони ин чапаргӯши наҳзатӣ таваҷҷуҳ накунанд, зеро ин шайтони наҳзатӣ мисли рӯбоҳ ҳар рӯз бо як нағмаву ҳиллаи нав мебарояд, ки ин рафтор хоси ҳамин Кабирии палиду ҳаммаслаконаш мебошад.

М.Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ