КАБИРИИ НЕОДОНИШМАНД ФОЛБИНИВУ ИҒВОБАРАНГЕЗӢ МЕКУНАД

Мусоҳибаи роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ дар сомонаи радиои “Озодӣ”, ки пас аз чанд соли охир мавқеи худашро ҳамчун блоки иттилоотӣ аз даст додааст ва феълан ба иғвобарангезиву фитнагарӣ машғул аст, нашр шудааст, ки дар он ба мавзӯи интихобот дар кишвар таваҷҷуҳ шудааст.

Аслан агар дурустар бингарем, роҳбари террористони наҳзатӣ пас аз фирор аз кишвар ва тағйири номи ҳизбаш бо созмони дигари ифротӣ “ПМТ” мавқеи комилона душманонаро нисбати миллати тоҷик ба худ касб карда ва аз ҳамин роҳ меравад.

Дар мусоҳибаи мазкур М.Кабирӣ роҳбари террористони наҳзатӣ бештар аз воқеияти кишвар дуртар рафта, аз оромиву осудагии мардуми кишвар ҳасад бурда, мавқеи душманонаашро изҳор доштааст ва ҳамон найрангу ҳиллаи шайтонияшро ин ҷо ҳам маълум сохтааст.

М. Кабирӣ дар ҷое ишора кардааст, ки интихоботи бе ширкати ТТЭ ҲНИ як интихоботи ором поёни ҳамдигарфаҳмӣ аст, ки ин як иштибоҳ ва бардошти ғалати Кабирии палид мебошад. Зеро роҳбари наҳзатиёни манфур ва террористу ифротгаро фаромӯш кардааст, ки ҳамдигарфаҳмӣ ин асоси ваҳдат ва оромиву субот аст маҳз бо шарофати ҳамдигарфаҳмӣ мардум имрӯз дар интихобот ширкат меварзанд ва ба ҳаёти сиёсӣ дахолат мекунанд ва тақдири ояндаи ҷомеаро муайян месозанд.

Аммо Кабирии палиду манфур ва бадтинату разил ба ҳамин осудагиву осоиштагии мардум ҳасад бурда, мехоҳад, ки ҳамин суботро ба ҳам занад ва барои ҳамин ҳам ҳоло талош мекунад, ки бо суханони иғвобарангезашро мавқеи манфуронаи худашро ошкор созад ва ҳамон чеҳраи шатонияшро пинҳон сохта, наҳзатиёни палидашро реклама кунад.

Ҳоло Кабирии манфур на ҳамчун як коршинос ин ҷо мусоҳиба додааст, балки ба ҳайси як раиси ҳизб, ки аз хондани ин суҳбат чунин хулоса мешавад, ки вой бар ҳоли ин ҳизбу ин раиси худхонда бо ин саводу фаҳму даркаш. Зеро ин кабирии палид ва касиф қабл аз оне, ки ҳамчун як инсон суҳбат кунад, бештар ҳамон мавқеи хоҷагони хориҷияшро ҳимоят карда, ҳамчун як фолбин гап задааст, ки аз ин хндаи одам меояд. Охир чӣ тавр як раиси худхондаи ҳизб ҳамин гуна бесаводона ва авбошона суҳбат мекунад???

Оё ин шарми худи ҳамин наҳзатиёни палид нест???

Агар ин кабирии манфур роҳбари наҳзатиёни террорист ҳамин қадар савод дошта бошад, пас он дигар наҳзатиёни манфур, ҳатто алифбо ҳам нахонда будаанд???

Яъне ТТЭ ҲНИ як ҳамин Кабириро дорад ва дигар касе “донишманду босавод”-е он ҷо нест????

Кабирии террорист ҳамчун як фолбини сари бозор сухан кардааст, ки оё пас аз ин шарми наҳзатиён меомада бошад, бо ин неоалломаашон???

М. Абдусаломов

Омӯзгори ДКМТ