Пас аз оне, ки дар кишвар сулҳу суббот ба таври куллӣ ҳукмфармо шуд, душманони оромиву осудагӣ дар кишвар наҳзатиёни манфур ва палид, аниқтараш аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар дил қасд гирифта ҳар лаҳза талош менамуданд, ки ин оромиву ваҳдати миллиро барҳам зананд ва хоҷагони хориҷияшонро шод созанд.
Ҳамагон хуб медонем ва тибқи маълумотҳои ба дастрасида ТТЭ ҲНИ аз ҷониби чанд давлати хориҷӣ сармоягузорӣ мешавад ва мақсади ин кишварҳо ҳам ин ноором сохтани кишвар аст, ки барои пиёда сохтани ин нақша, албатта ТТЭ ҲНИ хидматгузори вафодор пазируфта шуда буд.
Ҳамин буд, ки ба оромиву осудагӣ ва саодати миллат тоб наоварда наҳзатиёни манфур ва палиду касиф бо роҳбарии Кабирии палид, роҳбари ТТЭ ҲНИ дар кишвар табаддулоти давлатиро анҷом додани шуданд ва барои ин кор генерал Назарзодаро, ки дастпарвари мактаби ҳамин наҳзатиёни манфур буд, истифода карданд ва хушбахтона ин табаддулоти бадкешони наҳзатӣ ноком шуд.
Аммо пас аз ин наҳзатиёни палид ба кишварҳои хориҷӣ фирор намуданд ва бо сармоягузории ҳамон хоҷагони хориҷияшон дар он кишварҳо барои худ шароит муҳайё сохтанд ва имрӯз ҳам бар зидди миллат мубориза мебаранд.
Ногуфта намонад, ки Кабирии даюсу палид ва разилу бадкеш дар хориҷ аз кишвар барои ба чашми миллат хок пошидан ва гумроҳ сохтани мардум созмони нави террористиеро бо номи ТТЭ ПМТ таъсис дод, ки наҳзатиёни манфур ҳамаашон аъзои ин созмон шуданд ва ҳамакнун бо ниқоби нав мехоҳанд авбошиҳову нақшаҳои террористии худро амалӣ созанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ТТЭ ҲНИ идомадиҳандаи ғояҳои ифротии созмони террористии “Ихвон-ул-муслимин” ( Бародарони мусалмон” мебошад, ки дар ин бора манбаъҳо ҳатто байъати Кабирии манфур бо роҳбарони террористи “Ихвон-ул-муслимин”-ро таъкид мекунанд, ки ин албатта хеле нигаронкунанда мебошад.
Зеро дастпарварони созмони террористии “Ихвон-ул-муслимин” имрӯзҳо чандин созмонҳои террористии амсоли “Ал-қоида”, “ Ансоруллоҳ” бахши созмони террористии “Толибон” дар Ироқу Покистонро дар ихтиёр доранд, ки ТТЭ ҲНИ ҳам аз ҳамин қатор маҳсуб меёбад ва ин созмонҳо мақсади аслияшон несту нобуд кардани башарият мебошад, ки мо дар ҳамлаҳои террористии ҳаррӯзаи ин террористон дар ин ё он гӯшаву канори олам мушоҳида менамоем. Ва ин албатта барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле хатарнок мебошад.
Зеро наҳзатиёни манфур ва ҳамаи он террористони палид, ки имрӯзҳо дар гӯшаву канори олам арзи ҳастӣ менамоянд, мақсади ягонаашон ин аст, ки оромиву субботро аз байн баранд ва инсониятро ғуломи ғояҳои ифротии худ созанд, ки бар хилофи меъёрҳои ахлоқӣ мебошад.
Кабирии палиду манфур ҳам аз ҳамон тоифаест, ки ба хотири пулу мол ва сарват думболи террористонро гирифтааст ва ҳоло худ ба як террористи ботаҷриба ва собиқадор табдил ёфтааст, ки акнун ба хотири пулу мол бар алайҳи миллат мубориза мебарад.
Ҳамчунин маълумотҳое низ дар матбуот аз ҷониби коршиносон ироа гардидааст, ки ҳамкории Кабирии манфур ва палидро бо роҳбарони созмони террористии “Давлати исломӣ” тасдиқ мекунад, ки ин ҳам бо худ хиёнатҳои Кабирии манфурро ошкор сохтааст.
Аз ин лиҳоз ин Кабирии манфур ва палиду касифро шахси хатарнок барои башарият номидан мумкин аст, ҳарчанд ин авбош ва палид дар хислати худ найрангу ҳиллаҳои шайтониро ҷо кардааст, аммо ҳатман рӯзе ҷомеаи ҷаҳонӣ чеҳраи аслии ин малъунро хоҳад шинохт ва ӯ аз Аврупо низ бадарға хоҳад шуд.
М. Абдусаломов
Омӯзгори ДКМТ