КАБИРИИ МАЛЪУН ХОИНИ МИЛЛАТ!

Чандест, ки дар расонаҳои хориҷӣ ва аз ҷумла дар дохилӣ ҳам маълумотҳо ва фактҳои  бисёр ҳам нигаронкунанда дар бораи ТТЭ ҲНИ ва роҳбари он Кабирии палиду малъун ба нашр мерасанд, ки террорист ва хоину ҳаромзода будани роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирии малъунро  дар тамоми ҷаҳон исбот мекунад.

Зеро тавре, ки медонем, Кабирии палид ва ҳаромзода ба хотири гумроҳ кардани миллат ва сарсон намудан имрӯзҳо дар хориҷи кишвар чандин сомонаи ифротиро таъсис додааст ва ҳамарӯза тариқи он дурӯғу сафсатаҳояшро нашр мекунад, то ҷавононро гумроҳ намояд.

Ин ҳаромзодаи наҳзатӣ солҳои зиёд аст, ки бо фармони хоҷагони хориҷияш кӯшиш мекунад, то миллатро сарсону саргардон намояд ва  кишварро ба майдони ҷангу хунрезӣ табдил диҳад ва барои ин кораш ин ҳаромзода солҳост, ки дар ниқоб даромада кӯшиш мекунад.

Худи ҳамин таъсиси чанд созмони ифротӣ ва ҳарзагӯ дар хориҷи кишвар ва бар зидди миллат худ гувоҳ аз он аст, ки ин  ҳаромзодаҳои наҳзатӣ нияти нек надоранд ва ҳамоно мисли шағол даво-дав доранд. Ин ҳам замоне муайян шуд, ки ТТЭ ҲНИ дар тамоми ҷаҳон ҳамчун созмони террористӣ шинохта шуд ва Кабирии палиду разил хост барои ҷавононро гумроҳ кардан ва ҷиноятҳояшро пинҳон доштан, ТТЭ ПМТ-ро ташкил кард, ҳамон нусхаи ТТЭ ҲНИ мебошад ва фақат номаш фарқ мекунаду халос.

Ҳамчунин сармоягузоронаш ҳам ҳамон хоҷаҳои хориҷиву сармоягузорони ТТЭ ҲНИ мебошад, ки ин ҳам аз нақшаи нопок доштани наҳзатиёни манфур бар алайҳи миллат шаҳодат медиҳад.

Ҳатто дар ҳамин шабу рӯзи охир, ки мардум аз паҳншавии коронавирус дар ташвиш буданду ва вуҷудашонро тарсу ҳарос фаро гирифтааст, хоинони наҳзатӣ талош мекарданд, ки худро ҳомии миллат муаррифӣ карда, миллатро гумроҳ кунанд ва маълумотҳои бардурӯғро бар мардум пешниҳод мекарданд. Аммо як чиз маълум шуд, ки ин Кабирии палид, ки ҳоло худро ҳомӣ ва ғамхор муаррифӣ мекунад ва албатта ин нақш аст барояш, беморхонаи сироятии Сари Кишти ноҳияи Рӯдакиро ба қисматҳо тақсим карда бо ҳаммаслаконаш ба фурӯш гузошт. Агар ҳамин беморхона имрӯз мебуд, барои панҷсад кас ҷой буд. Пас худ суол кунед, ки оё ғамхори мардум, беморхонаро мефурӯшад? Моли ҷамъиятро?

Ин ҷо ҳам ин наҳзатии палид ва бадкеш мехоҳад, худро дар назди мардум пок аз ҷиноят тарошида ҷомеаро боз ба гумроҳӣ барад. Аммо мо сад дар сад бовар дорем, ки миллати тоҷик аллакай ин малъун ва ҳаромзодаи Кабирии палидро шинохтааст ва ҳамаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро ҳамчун хоини миллат медонанд, ки ҳаргиз ба макру ҳиллаҳои ин шайтонҳои наҳзатӣ бовар нахоҳанд кард.

М. Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ