КАБИРИИ БАДЗОТ АГАР ОДАМ ШАВАД…

Ҳатто инсони ақлбохта ва дур аз шуури ҷамъиятиро ҷомеа эътироф мекунаду мавқеашро муайян сохт ва алабба маълум аст, ки вақте инсон ақли хеш бохт, дигар чӣ сухану чӣ амале  аз ӯ содир намешавад, ки лозим ба гуфтан ҳам нест. Аммо наҳзатиён ва махсусан раиси ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ М. Кабирии палид аслан девона ҳам нест ва чунин ташхис ҳам гирифта нашудааст ва ё шояд дар ягон бойгоние аз дармонгоҳҳо маҳфуз бошад, лек ба дасти расонаҳо нарасидааст, ки шахсияти ӯро ба ин шакл бишлносем.  Зеро ташхиси табибон охирин ҳадди шинохт аз инсон аст, ки бинобар омилҳои гуногун гирифта мешавад.

Лекин аз рафтору гуфтор агар маълум намоем, Кабирии палид ба девонае монанд аст, ки на инсон буданашро маълум месозаду на ҳайвон. Ин ҷо ҳамон мақолаи “девонаи ба кори худ доно”-ро ҳам кор бурдан шояд аз  ҳақиқат бошад? Чунки рафтор ва кирдори чанд соли охири роҳбари наҳзатиёни манфур пас аз ташкили табаддулоти давлативу фирор ба кишварҳои Аврупо куллан дигар шудааст ва ҳамин аст, ки имрӯз ҷомеа мисли оина шахсияти ӯро мебинаду дар ҳайрат мемонад, ки чӣ тавр як инсон ба як ғуломи ҳайвонсурати ҳалқабаргӯш табдил ёфтааст?

Воқеан ҳам дар бораи зархарид будани М.Кабирии палид раиси ТТЭ ҲНИ хеле барвақт медонистем ва ҳатто ҳамин сафарҳои хориҷиву бо телефон хондани ҷанозаи модараш хелеҳоро дар ҳайрат гузошта буд, ки чӣ тавр инсон барои азизтарин наздикаш 150 евроро дареғ медораду аз парвоз худдорӣ мекунаду дар ҷанозаи модараш ширкат накард?! Оре, воқеан ҳам ҷойи таассуф бар модар аст, ки фарзанди ширхӯрдааш ба тобути ӯ наменигарад, яъне 150 евро болотар аз ҳама заҳматҳову талошҳои ба воя расонидани модар будааст барои иддае ба мисли Кабирии малъун. Ё чӣ тавр фарзанд бар модари худ носипосӣ мекунад аз барои пул дар ҳамин рафтори домуллои калони наҳзатиён, Муллокабирии террорист бараъло дида мешавад, ки ин ҳолат воқеан ҳам касро дар тааҷҷуб мегузорад. Оё ҳамин қадар шаб нахуфтанҳои модар барои як занги телефон аст?

Пас он орзӯйи фардо пойи тобутамро мебардорад фарзандам гуфтани модар чӣ шуд?

Шири сафеди додаи модар бар нияти одами дуруст шавад гуфтани фарзанд чӣ мешавад? Акнун худ хулоса бароред хонандаи муҳтарам, ки инсоне, ки ҳатто бар ҷанозаи модараш ширкат карданро раво намебинаду шавҳари хоҳари худашро рӯирост фиреб медиҳад, чӣ тавр метавонад “ғамхори миллат “ бошад?

Оё дидаед ватандӯстеро, ки аз модари худ даст кашида бошад?

Магар муҳаббат бар Ватан аз модар оғоз намешавад?

Пас чӣ хел метавон Кабирии палидро, ки имрӯзҳо худро ватандӯст муаррифӣ мекунад, ватандӯст номид?

Яъне раиси ТТЭ ҲНИ Кабирии террорист мехоҳад мардумро бо сухансозиву суханбозиҳояш фирефте сохта гумроҳ намояд, аммо дар ҳақиқат бошад, худаш як ғаддору авбош ва ҳанноту фиребгари гузарост.

Аммо дар чандин сомонаҳои ифротии аз ҳисоби маблағи хоҷагони хориҷияш таъсис дода, имрӯзҳо дар Аврупо баромад намуда. Кабирии палид талош мекунад, то бо суханони бардурӯғу бедалелаш мардумро гумроҳ созад ва ҳмон хиёнати бузурги устоди бузургаш, Нуриро такрор намояд, яъне икшварро ба хоку хун бикашаду миллатро сарсону саргардон намояд. Маҳз ба ҳамин хотир ба Кабирии авбошу палид ва ҳанноту дурӯя имрӯз хоҷагонаш пул медиҳанду ӯ бошад дар фирки гумроҳ сохтани миллат дар талош аст.

Вале Кабирии террорист, раиси ТТЭ ҲНИ ва боз чандин гурӯҳҳову созмонҳои террористии дигар фаромӯш кардааст, ки дигар миллати тоҷик чеҳраи аслии ӯву дигар наҳзатиёни манфурро хуб мешиносанду хуб дарк менамоянд ва дигар зарурат бар ниқоб гирифтан нест. Акнун ҳамагон хуб медонанд, ки наҳзатиёни хоин имрӯз дар фирки ноором намудани миллату кишваранду рӯзу шаб барои ин корашон афсонабофӣ менамоянд, то ҷомеаро ба гумроҳиву ҷаҳолат баранд.

Аз ҳамин ҷост, ки коршиносон бар одам шудани Кабирии палил шак доранду мегӯянд, ки агар бадзоте одам шавад, шояд замин дубора бишкуфад, аммо чӣ кунем, ки Кабирии бадзоду авбош дигар одам шудани нест!

Дилмуроди Вафо

таҳлилгар, ДКМТ