Барои халқ, ҳукумат ва давлати мо Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Он ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор,
аз ҷанги таҳмилии бародаркуш, аз оворагию дарбадарӣ наҷот дод.
Эмомалӣ Раҳмон
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Иҷлосияи тақдирсоз тамоми масъулиятро дар назди халқ, Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба душ гирифта, дар ҷаласаҳои худ масъалаҳоеро ҳаллу фасл намуд, ки онҳо тақдири таърихии миллат, давлатдорӣ ва ватандориро муайн намуданд, ки масъалаи таҳкими ҳокимият ва истиқлолияти давлатӣ аз зумраи онҳо мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аҳамияти таърихиву тақдирсози иҷлосияи мазкур сухан ронда, борҳо қайд намуданд, ки “Дар рӯзҳои ҷашни Истиқлолият ва баргузории Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мо бояд шукрона кунем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгонамон оқибат ҷомаи амал пӯшиданд ва имрӯз мову шумо соҳиби давлати мустақили хеш ҳастем”.
Иҷлосияи XVI -Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкиму густариши ҳокимияти давлатӣ, ташаккули Истиқлолияти кишвар, муайян намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард. Аз ҷумла, дар замони буҳрони сохторҳои ҳокимият як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул кард, ки онҳо баҳри фаъол намудан ва таҳким додани сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд, ки вобаста ба ин, номбар намудани ин санадҳоро зарур медонем:
- Қонуни ҶТ “Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба Қонуни асосии Ҷумҳурии тоҷикистон”;
- Қонуни ҶТ “Дар бораи гурезагон”;
- Қонуни ҶТ “Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти милии ҶТ эълон кардани 26- ноябри соли 1992”;
- Дар бораи тасдиқи Низомномаи “Парчам ва Нишони давлатии ҶТ”;
- Дар бораи сохтори Шӯрои Вазирони ҶТ.
- Дар бораи ташкил намудани вилояти Хатлон дар ҳайати ҶТ.
Ҳамзамон, бо мақсади таҳкими ҳокимияи давлатӣ масъалаи даст кашидан аз ҳокимияти президентӣ мавриди баррасӣ қарор гириф ва тибқи қарори Иҷлосия ваколатҳои мансуб ба Раиси Ҷумҳур минбаъд ба ӯҳдаи Шӯроӣ Олӣ, Раиси Шӯрои Олӣ вогузор карда шуд. Масъалаҳои таъин ва бозхонди намояндагони дипломатӣ ва консулгарӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ низ ба зиммаи Раёсати Шӯрои Олӣ гузошта шуд. Тибқи моддаи 109-и Конститутсия Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва Сарфармондеҳи тамоми қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикстон ба ҳисоб мерафт. Ба ҷои Девони Вазирон ташкил додани Шӯрои Вазирон ба мақсад мувофиқ дониста шуд. Аз ин лиҳоз, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Асосии кишвар” баррасӣ ва қабул гардид.
Барҳам додани идоракунии Президентиро дар Иҷлосияи XVI -Шӯрои Олӣ раиси он Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳи пешгирӣ намудани мансабталошиҳо ва воситаи мустаҳкам сохтани мавқеи давлат дар арсаи ҷаҳонӣ арзёбӣ намуда буд.
Барои ба эътидол овардани вазъият, истиқрори сулҳу осоиш ва таҳкими ҳокимияти давлатӣ Парламенти Ҷумҳурӣ ба Шӯроҳои Олии Федератсияи Руссия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки ба Тоҷикистон қувваҳои муштараки ҳомии сулҳро ворид намоянд.
Бо мақсади хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ, пешгирии фоҷиаи миллӣ ва харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, таҳкими мақомоти давлатӣ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти принсипҳои башардӯсти қарор кард, ки шахсони аз санаи 27-март то санаи 25-ноябри соли 1992, ки дар мухолифатҳои мусаллаҳона ҷиноят, ё амалиёти ғайриқонунӣ содир карданд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ интизомӣ ва маъмурӣ кашида нашаванд.
Вобаста ба вазъи ҳамонвақтаи кишвар дар яке аз муроҷиатномаҳои худ Сарвари давлат изҳор намуда буд, ки “Мо вазифадорем аввал амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, мавқеи милиция, кумитаи амнияти миллӣ, дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем, зеро давлате, ки худашро муҳофизат ва ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, аслан арзише надорад”.
Бо назардошти зарурияти таърихи Раёсати Шӯрои Олӣ ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати қатъи силоҳ, мустаҳкам кардани Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллӣ, муҳофизати марзҳои ҷумҳурӣ як қатор қарорҳо қабул карда, онҳоро дар ҳаёт татбиқ намуд.
Бояд тазаккур дод, ки муҳимтарин дастоварди таърихии давлати Тоҷикистон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид, он аст, ки Эмомали Раҳмон тавонист дар кӯтоҳтарин муддат оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш созад.
Раёсати Шӯрои Олӣ бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба зиндагии осоиштаи аҳли ҷомеа оид ба масъалаҳои авфи умумӣ, ҳалъи силоҳ, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, таъмини мардум бо маводи озуқа, муносибати кишвар бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ як силсила қарору фармонҳо қабул кард.
Ба роҳбари давлату ҳукумат муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ мақомоти маҳаллии ҳокимиятро барқарор намуда, тартиботи қонуниро беҳтар ҷорӣ намояд, фаъолияти вазоратҳо, идораю кумитаҳои давлатии ҷумҳуриро ба низом оварад.
Бо шарофати Иҷлосияи XVI Конститутсияи нави мамлакат қабул гардида, қадами ҳалкунанда дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ гузошта шуд.
Мавриди зикр аст, ки бузургтарин дастоварди мо тавассути ин Иҷлосияи таърихӣ барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллии тоҷикон мебошад. Барҳақ, Истиқлолият худ неъмати бузургест. Зеро Истиқлолият маънои бунёди пояҳои устувори давлавтдорӣ, тоб овардан ба имтиҳони душвори ҳаёти мустақилона, ба роҳ мондани иқтисодиёти муосир ва устувор нигоҳ доштани давлати демокративу ҳуқуқбунёдро дорад. Баъди баргузории Иҷлосияи тақдирсоз дар мамлакат раванди бунёдкориву созандагӣ, раҳои ёфтан аз бумбасти комуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, сохтмони нақбу пулҳо, роҳҳои оҳан ва автомобилгард, сохтмон ва ба кор андохтани корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, азхудкунии заминҳои бекорхобида, таъсиси корхонаҳои муштарак бо кишварҳои хориҷӣ танҳо тавассути амалӣ гаштани қарорҳои Иҷлосияи XVI -Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шуд.
Дар тӯли 32- соли баъд аз Иҷлосияи XVI – кишвари мо дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин марҳилаи таърихӣ Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ – Артиши миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадиро ба вуҷуд оварда устувор гардонид. Тоҷикистони соҳибистиқлол ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё ва созмонҳои байналмилалӣ робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, асъори миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ эътироф гардид.
Солҳо мегузарад, аммо шукӯҳу шаҳомат, аҳамияти таърихии Иҷлосияи тақдирсоз сол аз сол дар оинаи таърих бузургтару равшантар падидор мешавад, зеро сарнавишти давлатдории навини мо баъди суқути давлати Сомониён аз ҳамин Иҷлосия оғоз меёбад.
Худо он миллатеро сарвари дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Муслимзода Хайём,
мудири шуъбаи тарбияи
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон