Имрӯз, ба кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии факултети иқтисодиёти саноатӣ ва зеҳни сунъӣ як гурӯҳ довталабон бо волидайнашон ташриф оварда, бо омӯзгорон, озмоишгоҳҳо, ҷараёни таълим аз наздик шинос гардиданд.
Меҳмононро декани факултети иқтисодиёти саноатӣ ва зеҳни сунъӣ Саидов Мустафохон хуш истиқбол намуда, ононро бо афзалиятҳои ихтисосҳои донишкада шинос намуд.
Довталабон зимни боздид арз намуданд, ки таҳсилро дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон идома медиҳанду мақсадашон мутахассиси арзанда шудан аст.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи тарғиботӣ- ташвиқотӣ зери роҳбарии мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Облоқулов Воҳидҷон бо хатмкунандагони ноҳияи Ҷаббор Расулов мулоқоту вохӯриҳо доир намуда буд ва инак довталабон ба донишкада омада, нияти таҳсил дар ин боргоҳи маърифатро доранд, ки ин интихоби дуруст ва роҳи амиқ мебошад.
Интихоби ихтисосҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон интихоби дуруст ва баманфиат мебошад!