Иқтисодчиёни Тоҷик имрӯз иди касбии худро ҷашн мегиранд

Бо саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи иқтисодиёт хеле рушд намуда, кишвар аз давраи депрессияи умумии иқтисодӣ дар солҳои 90-ум комилан бароварда шуд ва ҳамин аст, ки имрӯз иқтисодиёт кишвар марҳила ба марҳила рушд менамояд, ки дар ин ҷода саҳми иқтисодчиёни мамлакат низ басо бузург мебошад.      

Имрӯз, дар Тоҷикистон иди касбии худро мутахассисоне, ҷашн мегиранд, ки фаъолияти онҳо бо иқтисодиёт алоқаманд аст. Иқтисодчиён саҳми босазои худро барои ҳалли муаммоҳои муҳими иқтисодӣ-иҷтимоии давлат мегузоранд, барои рушди устувори иқтисодии ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд. Оид ба беҳтаршавии ҳолати иқтисодии давлат нишондиҳандаҳои афзоиши МУД, буҷет, даромади миллӣ ва инчунин пастшавии сатҳи камбизоатӣ шаҳодат медиҳад.

Олими бузурги илми иқтисод Ҷон Мейнард Кейнс  гуфтааст:

“Афкори иқтисодчиён ва мутафаккирони сиёсӣ дар ҳолати ҳам ҳақ ва ҳам дар ҳолати саҳв будан, бар хилофи ақидаҳои мақбулшуда, моҳияти бузургеро дорост. Дар ҳақиқат, маҳз онҳо ҳукмрони ҷаҳонанд, зеро шахсони амалкунандае, ки аз таъсири зеҳнӣ хешро комилан фориғ меҳисобанд, дар асл ғуломи ягон иқтисодчӣ аз гузашта мебошад”.

Аз ин лиҳоз, тамоми иқтисодчиёни ҷумҳуриро, ки имрӯз ид доранд, самимона табрик намуда, ба онҳо муваффақият ва пирӯзиҳои бардавомро таманно менамоем. Бошад, ки иқтисодчиёни кишвар ба марҳилаҳои баландтаре дастёб гарданду шогирдони тарбия намудаи онон дар рушди иқтисодиёти ватанӣ саҳмгузор гарданд.

 

Иди касбии иқтисодчиён муборак бошад!

Бахтиёр Маҳмадалӣ

н.и.и.,дотсент ректори ДКМТ

Юсупов Х.М.

сардори БИСТ