ИҚТИСОДИ КИШВАР ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ  ТОҶИКИСТОН ВА САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ОН

(ба истиқболи Рӯзи модар)

“Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем”.

Эмомалӣ РАҲМОН

Уруди бузург, ки аз подшоҳони машҳури давлати Ашкониён будааст, мефармояд: “Барои модар вожае зеботар аз фидокор наметавон ёфт”.Ин суханест, ки чеҳраи воқеии як зани асилро пеши чашми кас ҷилвагар менамояд.Дармеёбем, ки зан дар зиндагӣ барои фидокорӣ офарида шудааст.Фидокорӣ дар баробари мардон.

Таърихи гузашта ва имрӯзи миллати тоҷик ин ҳақиқатро дигарбора бармало кард, ки занон дар шакл гирифтани як миллати бузург чӣ қадар саҳми боризу арзишманд гузошта метавонанд, зеро дурандешанд ва хирадро чун зевар шинохтаанд ва барои расидан ба зиндагии шоиста бо азми қавию устувор пайваста гом мениҳанд.Дар ин бора тавзеҳи дигаре намедиҳем, зеро дар ин рӯзҳои ҷашнӣ перомуни таърихи корнамоиҳои занони тоҷик матолиби зиёде иншо шудаистодааст.Матлаби мо атрофи нақши занҳои тоҷик дар рушди соҳаи иқтисоди кишвар аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин бобат ба эшон ҳамеша ҳарфи аҳсану офарин мехонанд.

Қабл аз шарҳу тавзеҳи дигар паҳлуҳои масъала бояд ба ин суол посух дод, ки чӣ гуна дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сиёсати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа шакл дода шуд?Дар ибтидои роҳ таҳия ва қабули як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқие лозим буданд, ки дар амал татбиқ намудани онҳо барои пиёда кардани ин ҳадафи муҳими давлатдорӣ мусоидат намоянд.Бо ин мақсад маҳз бо ибтикори хосаи Пешвои муаззами миллат як зумра қонунҳои миллӣ, барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои соҳавӣ қабул кард шуд, ки натиҷаи амалӣ шудани онҳоро дар даврони беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ мо баръало мушоҳида менамоем.

Ҳадафи асосӣ ва ибтидоии ин қабул ва амалӣ намудани ин санадҳо дар навбати аввал ба таҳсил фаро гирифтани занону духтарон буд, зеро бидуни соҳибтахассус кардани ҷомеа, махсусан занон пешрафти давлатро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Яке аз василаҳои соҳибтахассус гардонидани занону духтарон ташкили квотаи Президентӣ буд, ки то имрӯз амалӣ шудаистодааст. Бо истифода аз ин имконияти мусоид ҳазорон ҷавони навоҳии дурдасти кишвар, махсусан ҷавондухтарон ба боргоҳҳои таълимӣ дохил шуда, соҳиби тахассус гардиданд ва имрӯз низ ҳазорон ҷавондухтари дигар тариқи квотаи Президентӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар таҳсил кардаистодаанд.Махсусан, тариқи Квотаи Президентӣ таҳсил кардани ҷавондухтарон аз рӯйи силсилаихтисосҳои соҳаи иқтисод заминаи мусоидае барои саҳм гузоштани занону бонувон дар рушди иқтисоди кишвар фароҳам овард.Ба иттилои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатияшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон ироа намуданд, “Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд”.

Ҷавондухтарони таҳсилдида дар соҳаи иқтисод баъди хатми боргоҳҳои таълимӣ барои фаъолиятҳои гуногун дар корхонаҳои иқтисодии кишвар ҷалб карда шуданд, ки заминаи саҳмгузории занону бонувон дар рушди иқтисоди кишвар фароҳам омад.Аз миёни хатмкунандагон касоне пайдо шуданд, ки ба фаъолиятҳои амалӣ дар соҳаи иқтисоди кишвар маҳдуд нашуда, ба соҳаи таҳқиқи масоили илми иқтисод пайвастанд.Имрӯзҳо садҳо зан-муҳаққиқи тоҷик дар боргоҳҳои илмӣ-таълимӣ паҳлуҳои гуногуни соҳаи иқтисодро мавриди баррасиҳои илмӣ қарор дода, дар баробари ин ба донишҷӯён дарси иқтисод меомӯзонанд ва ба ин васила соҳиби дараҷаҳои илмӣ гардидаанд.Ин аст, ки имрӯзҳо маърифати иқтисодии зани тоҷик баланд аст ва новобаста аз касб дар дахлу харҷи рӯзғордорӣ дасти тавоно дорад.

Баъди амалӣ гардидани ин қисмати кор барои саҳмгузории бештари занон дар рушди иқтисодиёти кишвар як зумра ибтикороти дигаре аз қабили пешниҳоди қарзҳои имтиёзноки бонкӣ ба занони соҳибкор ва амалӣ гардонидани гранти Президентӣ роҳандозӣ гардид, ки ба иттилоъи ниҳодҳои дахлдор соли 2024 бо мақсади дастрас намудани грантҳои президентӣ ба Комиссияи озмунии назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 396 лоиҳаи соҳибкории занон пешниҳод гардид, ки аз ин шумора 120 лоиҳаи мақсаднок ба маблағи 5 миллион сомонӣ дастгирӣ ёфт.

Бояд гуфт, ки маҳз тавассути чунин тадбирҳои судманди роҳбарияти олии мамлакат сатҳи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда, занон бо фаъолияти густурда дар иқтисоди миллии мамлакат саҳми назаррас мегузоранд.Махсусан, грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди фаъолияти соҳибкории занон ва давра ба давра фароҳам гардидани имконияти фарохтар барои ривоҷ додани ин амали барои иқтисоди миллӣ муҳим ва таъсиси ҷойи нави кор, инчунин ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб гардидани занони хонанишин равона гардидаанд.

Таҳлилҳои ниҳодҳои дахлдор нишон медиҳанд, ки шумораи занони соҳибкор сол то сол зиёд мешавад. Онҳо фаъолияти соҳибкориашонро аз заминҳои наздиҳавлигӣ шуруъ карда, имрӯз соҳиби хоҷагиҳои деҳқонии хурду миёна мебошанд.Ба ҳисоби соли 2024 аз шумораи умумии 365 ҳазору 270 субъекти хоҷагидор 107 ҳазору 668 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 18 ҳазору 94 нафар зиёд мебошад.Ба ин васила занони тоҷик мехоҳанд, ки дар саноатикунонии мамлакат саҳми назаррас гузоранд

Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикистон «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа барои солҳои 2021-2030» амал мекунад, ки яке аз самтҳои он соҳибкории занон мебошад. Маҳз бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2006 грантҳои президентӣ татбиқ мегарданд, ки ба фаъолияти босамари занон равона гардидаанд. Агар соли 2006 маблағи ин грантҳо 150 000 сомонӣ буд, соли 2024 он 5 миллион сомониро ташкил дод.

Ҳамзамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатияшон бо ифтихор иброз доштанд, ки имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд. Албатта, ин нишондод далели равшани саҳми занон дар рушди иқтисоди кишвар аст.

Дар тақияти гуфтаҳои боло бояд илова намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба самти таҳкими мақоми занон  дар ҷомеа пайваста таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд, зеро ҷалби занону духтарон ба фаъолияти соҳибкорӣ ва тадбирҳои амалӣ дар ин самт аз ҷумлаи иқдоми муҳим ҷиҳати боло бурдани манзалати зан дар ҷомеа мебошад.Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат фаъолияти соҳибкории занон  бомаром инкишоф ёфта, саҳми онҳо дар рушди иқтисодиёти мамлакат, хусусан ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, бунёд ва фаъолияти марказҳои хизматрасониву тиҷоратӣ, иншооти иҷтимоӣ ва дар ин замина таъсиси ҷойҳои корӣ хеле назаррас гардида истодааст.Тавре маълум аст, занони боистеъдод ба ҳайси роҳбарони корхонаҳои хурду бузург, муассисаҳои молиявию бонкӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, роҳбарони ассотсиатсияву ташкилоти ҷамъиятӣ фаъолият дошта, дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ саҳми шоиста мегузоранд. Озод гардидани занони соҳибкор аз андозбандӣ дар давраи рухсатии ҳомиладориву таваллуд ва ҳунармандоне, ки дар хона фаъолият доранд, аз тадбирҳои дигари дастгирии давлатии фаъолияти занони соҳибкор ба ҳисоб меравад.

Мутмаинем, ки модарону занони Тоҷикистон бо азму иродаи қавӣ дар баробари тарбияи наслҳои ояндасозу ободгар, инчунин баҳри рушди маҷмуии мамлакат, бахусус соҳибкорӣ, ки яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ ва боло рафтани некуаҳволии мардуми ҷумҳурӣ аст, саҳми назаррас мегузоранд.

Собирова Шукриниссо

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, бонуи фаъоли Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон