Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи иқтисодчиён семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Иқтисодиёт ҳамчун сарчашмаи рушди инсоният” баргузор гардид, ки дар кори он ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ Умарҷонов Абдусафо ва дигар деканҳову омӯзгорон ширкат варзиданд.
Семинарро, ки бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии факултети иқтисодиёти саноатӣ ташкил карда шудааст, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ Умарҷонов А. ифтитоҳ намуда, сухани нахустро ба ректори донишкада доданд.
Ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ нақши иқтисодчиёнро дар пешрафти иқтисодиёти кишвар бисёр ҳам назаррас арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки бахши иқтисоди миллии мо имрӯз бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле рушд кардааст, ки дар ин самт саҳми иқтисодчиёни кишвар назаррас мебошад.
Феълан дар ҷаҳон чандин навъҳои иқтисодиёт мавҷуд аст, аксарият имрӯз дар ҳоли омӯзиш ва баҳодиҳӣ қарор дорад, аммо кунун гузаштан ба иқтисодиёти рақамӣ аз авлавиятҳои соҳа мебошад. Чунки назар ба солҳои қаблӣ иқтисодиёти рақамӣ барои ҳисоби дақиқ ва корбурди амиқ мусоидат менамояд ва дар натиҷа ҳаҷми молу маҳсулот ба таври муайян ба назар гирифта мешавад, ки дар ин сурат мушкилиҳои изофавӣ бувуҷуд намеояд.
Аз ҷониби дигар иқтисодиёти рақамӣ кори ҷомеаро осонтар месозад, ки ин аллакай талаботи замони муосир мебошад ва гузашта ба иқтисодиёти рақамӣ ба таври комил моро аз сардардиву мушкилотҳои изофавии иҷтимоӣ озод менамояд…
Бидуни иқтисодиёт ягон давлати дунё наметавонад рушд ёбад ва бе иқтисодчиёни варзида ва кордон пеш бурдани тараққиёт мушкил мебошад…
Ҳамчунин дар ин чорабинӣ ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамаи омӯзгоронро ба рӯзи иқтисодчиён, ки ҳамасола тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 8-уми апрел ҷашн гирифта мешавад, самимона табрик намуда, ба онон барор хостанд.
Сипас, дар семинар декани факултети иқтисодиёти саноатӣ Саидов Мустафохон дар мавзӯи “Мавқеи илми иқтисодӣ барои рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ”, мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Облоқулов Воҳидҷон дар мавзӯи “Ҳадаф ва рушди иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дотсенти ҳамин кафедра Собирова Шукриннисо дар мавзӯи “Нақши ҷомеа дар рушди иқтисодиёти сабз” баромад намуда, ба суолҳои ҳозирин посух гуфтанд. Атрофи мавзӯъҳои зикргардида баҳсу масъалагузориҳо сурат гирифт, ки семинарро боз ҳам ҷолибтар гардонид.
Дар интиҳои семинар ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ бори дигар таъкид намуданд, ки вазифаи мо тарбия намудани кадрҳои ботаҷриба ва соҳиби донишҳои васеъ мебошад ва донишҷӯён бояд аз ҳама соҳаҳои иқтисодиёт огоҳ бошанд, то тавонанд назарияро ба манфиати давлату миллат дар амалия татбиқ намоянд.
М. Сайидзода