Иқтисодиёт ва зеҳни сунъӣ

ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ЗЕҲНИ СУНЪӢ

Декани факултет: Саидов Мустафохон Каримович

Таҳсил:Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес сиёсати Тоҷикистон

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои иқтисодӣ

Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ бо луғат.

Тел: +992 92 825 95 99

Email:Said_1987-87@mail.ru

Суроғаи корӣ: Бинои асосӣ, утоқи № 316

 

Факултети иқтисодиёти саноатӣ тибқи Оинномаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, дар сохтори донишкада, тибқи қарори Шурои олимон аз 28.12.20с. № 5 ва бо фармони № 263 аз 11.01. 21с. ташкил карда шудааст. Дар асоси қарори Шӯрои олимони донишкада аз 01.09.2022 таҳти фармони №495 30.06.2022 факултети иқтисодиёти саноатӣ ба Иқтисодиёт ва зеҳни сунъӣ  номгузори карда шуд.

Факултет фаъолияти худро тибқи Оинномаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, Қонуни ҶТ Дар бораи маориф, Қонуни ҶТ Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, Консепсияи миллии маълумоти ҶТ, Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар ҶТ, Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ мондааст.

Дар давоми фаъолияташ факултет аз рӯи якчанд қарорҳои Ҳукумати ҶТ, дастуру супоришҳо ва Фармонҳои Президенти ҶТ, фармонҳои вазоратҳои маориф ва илм,  саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар санадҳои расмӣ оид ба раванди таълиму тарбия ва илмӣ- методиро сармашқи фаъолияти худ намудааст.

  1. Сохтор, ҳайати кормандон ва донишҷӯёни факултет

Сохтори факултет аз ҷузъњои зерин иборат аст:

  1. Шўрои олимон – таҳти сарварии декани факултет.
  2. Садорати факултет – таҳти роҳбарии декани факултет
  3. Шӯрои илмӣ-методӣ
  4. Муовини декан оид ба тарбия
  5. Муовини декан оид ба таълим
  6. Эдвайзер
  7. Кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ
  8. Кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ
  9. Кафедраи фанҳои гуманитари-иҷтимоӣ
  10. Кафедраи менеҷмент

Факултет аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассис тайёр менамояд

  • 270101-09 – иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот;
  • 570102 – менеҷменти экологӣ ва аудит дар саноат;
  • 250108-05 – баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар саноат;
  • 270101-15 – иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (саноати химия);
  • 270101-10 – иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (энергетика);
  • 25010201- иқтисодиёти таҳлилӣ;
  • 400301 – зеҳни сунъӣ;
  • 250102-01 – иқтисодиёти таҳлилӣ (магистр).

 

Ҳайати кории факултети иқтисодиёт ва зеҳни сунъиро 24 омӯзгорон аз инҳо 1 нафар профессор, 10 нафар  номзадҳои илм ба ҳисоб мераванд. 

Маълумот барои довталабон

Ба диққати хатмкунандаҳои мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсей ва коллеҷу техникумҳо! Факултети иқтисодиёт ва зеҳни сунъӣ Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маркази бонуфузи иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, аз руи ихтисосҳои номкарда шуда дар кластери ва ва 2- юм мутахассисони соҳавиро омода месозад. Донишҷӯён дар давоми таҳсил дониши назариявӣ ва амалии худро барои такмил додан дар доираи ҳамкориҳои тарафайн ба мактабҳои олии техникии Норвегия, Юнон, Хитой, Федератсияи Русия ва Ӯзбекистон рафта, таҳсили худро идома медиҳанд. Агар хоҳед, ки донишҳои замонавӣ ва технологияҳои муосири инноватсиониро аз худ намуда, дар амалисозии ҳадафи чоруми давлатӣ-саноатикунонии босуръати кишвар саҳмгузор бошед, пас, факултети иқтисодиёт ва зеҳни сунъиӣ Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро интихоб намоед! Рамзи Донишкада – 201 аст! кластери 2 ва 1.