ИҒВОИ НАВБАТИИ МАҲМАДИҒВОИ САРГИН АЗ НОМИ МАРДУМИ МАСЧО

Тавре, ки сомонаи  ифротии Ислоҳ. нет мутааллиқ ба наҳзатиёни малъун ва аз террористони маъруф бо лақаби “кабутари сафед” Маҳмадиғвои Саргин дар мақолае аз номи мардуми Масчо таҳти номи “Хитобаи масчоиён ба Э.Раҳмонов: мо зидди баргузории ҷашни Ваҳдат дар ноҳияамон ҳастем!”  нашр намудааст, ягон воқеият надорад ва ҳамааш бофтаву сохтаи наҳзатиёни палид аст. Зеро дар навиштаи мазкур М. Саргин бештар ба дурӯғу ҳангомаҳо такя намуда, хабарҳои беасосро мавриди  таҳлил қарор додааст. Ва ҳамчунин дар ин навишта омадааст, ки мардуми Масчо зидди баргузории ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ин ноҳия ҳастанд.  Лек дар ҳақиқат бошад, ин навишта боз ҳам такрор менамоем, ки ягон асоси воқеӣ надорад ва мардуми Масчо ҳаргиз зидди сиёсати Ҳукумати кишвар ва махсусан ҷашне, ки боиси сулҳу салоҳ ва саодати мардум гардидааст нестанд.

Ҳамагон хуб медонем, ки имрӯзҳо наҳзатиёни палид дар хориҷи кишвар қарор доранд ва дар ҳоли бӯҳрони фикрӣ ё худ маънавӣ қарор доранд,  ки дар он ягон шакке вуҷуд надорад.  Зеро аз навиштаҳо ва гуфтаҳои ин наҳзатиёни бадкеш бармеояд, ки ин тоифа ҳамеша барои тафриқа андохтан ва бадгумонӣ бедор кардан дар ниҳоди мардум талош мекунанд ва мақсадашон ҳам иғвобарангезист.

Ҳоло дигар  маълум аст, ки аз наҳзатиёни малъун касе пуштибонӣ намекунад ва ҳама ҷомеаи Тоҷикистон онҳоро ҳамчун террорист ва душману хоини миллат шинохтаву эътироф кардаанд ва аз ин лиҳоз наҳзатиён  талош мекунанд, ки худро ба пойи ин ё он мардум кашола созанд. Зеро тавре, ки хуб медонем, мардуми Масчо ҳаргиз ҳамчун мусалмон ва мардуми солимфикр аз ТТЭ ҲНИ пуштибонӣ накарданд ва ҳоло, ки акнун онҳо дар кучаҳо ғариб мондаанд, талош менамоянд, ки мардуми Масчоро бадном кунанд.

Ин ҷо бараъло маълум аст, ки наҳзатиёни палид ва авбош ба хотири иғвобарангезӣ ва бадном кардани мардуми Масчо аз номи онҳо хитобаву муроҷиатнома пахш менамоянд ва мехоҳанд, ки бо ҳамин роҳ аз ин мардум, ки аз аввал ТТЭҲНИ-ро дастгирӣ намекарданду эътироф наменамуданд, қасд гиранд.

Ҳоло мо сад дар сад бовар дорем, ки ин навишта ягон асоси воқеӣ надорад ва фақат ин ҷо наҳзатиён мехоҳанд бо истифода аз туҳматномаҳояшон мардуми осоиштаро ба таҳлука андозанду воҳимазада кунанд.

Ҳоло дар кишвар ва ин чанд ноҳияе, ки ин ҷо оварда шудааст, ягон навъ беморӣ вуҷуд надорад ва ин наҳзатиён бардурӯғ воҳима мекунанд, то миллатро сарсону саргардон намоянд. Зеро хислати душман ҳамин аст, ки бо ҳар роҳе ба миллат хиёнат намояд.

Ин ки ҳоло Маҳмадиғвои палид ва террористи наҳзатӣ аз номи мардум  сафсатаҳояшро менависаду ба нашр мерасонад гапи  нав нест ва ин корро борҳо такрор кардаасту борҳо шарманда шудааст ва ҳатман ин бор ҳам шармандатар хоҳад шуд. Зеро мардуми бонангу ори Масчо ҳаргиз намегузоранд, номарде аз номи онҳо сӯистифода кунад!

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ