ИҒВОГАРИҲОИ НАВБАТИИ АЪЗОЁНИ ТЭТ ҲНИ

Сафари навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои аврупоӣ идомаи густариши равобити хориҷии кишвар маҳсуб ёфта, қарор аст дар ин сафар як қатор созишномаву тавофуқномаҳо ба имзо расанд. Албатта, дар ҳар як сафари корӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш мекунанд, то мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баландтар бардоранд ва сармоягузорони хориҷиро ба кишвар ҷалб намоянд, то рушди истеҳсолот баландтар гардад.

Ҳамагон хуб медонем, ки дар муаррифӣ ва баланд бардоштани мақоми кишвар саҳми Роҳбари давлат беназир аст ва аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ Пешвои муаззами миллат ба ин ҷиҳати масъала таваҷҷуҳ намуда, Тоҷикистонро ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ муаррифӣ намуданд. Ҳоло робитаҳои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва абарқудрати ҷаҳон густариш ёфта, мавқеи кишвар рӯз аз рӯз баландтар гардидаистодааст.

Аммо бо эълон шудани  сафари Пешвои муаззами миллат ба кишварҳои аврупоӣ як тӯда авбошон ва террористони ТЭТ ҲНИ, ки дар Аврупо маскан гирифтаанд, иғвобарангезиро шуруъ намуда, ҳар матлаби дурӯғу фитнаандозро дар расонаҳои ҳамин ташкилоти террористӣ нашр намуданд.  Албатта, мо ҳамагон хуб медонем, ки ТЭТ ҲНИ бо роҳбари касифаш Кабирии палид барои хоҷагони хориҷияш кор мекунанд ва душмани давлату миллати тоҷик ҳастанд. Ва онро ҳам хуб дар хотир дорем, ки ин тоифаи  бадкеш ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта  барои ба даст наовардани мақсадҳои нопокашон миллатро ба ҷанги хонумонсӯз гирифтор намуда буданд.

Вале ҳоло ин тоифаи хоин худро сафед намуда бо номи ПЗТ ташкилотеро таъсис дода, аз номи он миллатро гумроҳ карданӣ ҳастанд. Онҳо дар ин чанд рӯзи охир аз ҳадди эътидол гузашта, ҳар матлаби бардурӯғу тавҳиномезро нашр намуданд, ки бевосита аз нияти бади наҳзатиёни ифротӣ нисбати миллати тоҷик шаҳодат медод.

Қайд кардан зарур аст, ки ин тоифаи бадкеш фақат барои маблағ талош намуда, умуман дар фикри миллат нест. Фақат ба хотири гумроҳ сохатни мардум наҳзатиёни террорист гоҳ-гоҳе аз номи миллат сухан мекунанд, ки як манманиши беҳудаву аблаҳона аст. Охир кадом инсони солимақл ба террорист ва ҷинояткору авбош бовар мекунад?

Оё ба хоин бовар кардан мумкин аст? Намедонам наҳзатиёни палид худро чӣ тавр ҳис мекунанд, аммо сад дар сад боварӣ дорам, ки ин наҳзатиёни касиф, ки мафкураашон аз  олами ҷинояту хурофоту разолат пур шудааст, он қадар умри дароз намебинанд ва ҳатман аз Аврупо ҳам дарбадар карда мешаванд.

Наҳзатиёни касиф ва дигар аъзоёни ТЭТ ҲНИ ҳатто фикр ҳам намекунанд, ки дар кадом ҳолат қарор доранд ва ба чӣ рӯзе расидаанд? Ин албатта шаҳодат аз пулпарастиву хиёнатӣ наҳзатиён аст, ки бо супориши хоҷагонашон ба миллат хиёнат карданду худ дарбадар шуданд. Ҳоло онҳо бар ивази як сум пул омода ҳастанд, ки худро қурбон кунанд. Зеро нафси саркаш инсонро ба ҳар роҳе мебарад.

Пеши наҳзатиёни касиф, ки дидаву дониста ба Ватан ва миллат хиёнат карданд, “пиёлаву дарё якест”. Зеро онҳо қадри ин ватан ва миллатро намедонанд ва ҳатто тасаввур ҳам карда наметавонанд.  

Ин ҳангомабарангезиҳо иғвогарии навбатии ин тоифа буда, фақат ба мақсади гумроҳ намудани миллат аст. Аз ин рӯ, ҷавононро зарур аст, ки ба ин сафсатаҳои наҳзатиёни палид ва душманони миллат дода нашаванд.

                                                                             Парвизи Машҳур

                                                                              омӯзгори ДКМТ