Шурӯъ аз санаи 11-ум то санаи 16-ум ноябр дар бинои Коллеҷи технологии ба А.Қаҳҳоров барои омӯзгорони фанҳои экологияи МТМУ шаҳри Конибодом ва намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии YGPE тренинг гузаронида шуд, ки дар он омӯзгорони кафедраи экология ширкат намуданд. Дар ин бора ба шуъбаи иттилоот мудири кафедраи экология Ҳоҷибоев Далер иттилоъ дод. Дар рӯзи якуми тренинг мутахассисони соҳаҳои гуногун ба иштирокчиён дар мавзӯъҳои “Фаъолияти маркази Орхус”, “Дастурамал оид ба дарсҳои фанни экология”, “Ташкили чорабиниҳои экологӣ” ва ғайра, баромад намуданд. Роҳбари ташкилоти YGPE Мамадов И. оид ба корҳои амалишудаистодаи ташкилот дар ин самт маърӯза намуд. Сипас, намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Саидов Х. доир ба рушди маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ ва муаммоҳои экологии глобалӣ маърӯза намуд.
Мувофиқи “Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи давлатии маҷмӯи рушди тарбия ва маърифати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва тибқи Нақшаи чорабиниҳои кафедраи экологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон омӯзгори кафедра Ҳоҷибоев Д. дар ин тренинг дар модули “Идоракунии захираҳои обӣ” бо маърӯза ва презентатсия оид ба фаъолияти донишкада дар самти мазкур баромад намуд.
Дар оғози баромад Ҳоҷибоев Д. оид ба ихтисосҳои муассиса, факултетҳо ва кафедраҳо маълумотҳоро ба иштирокчиён маърӯза кард. Инчунин, дар презентатсия вобаста ба амалигардонии нақша-чорабиниҳои кафедра доир ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва Барномаи давлатии маҷмӯи рушди тарбия ва маърифати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, иштироки муассиса дар лоиҳаҳои байналмилалӣ, ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳои таълимиву илмии кишварҳои Авруосиё маълумотҳо пешниҳод намуд.
Барои иштирокчиён оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотии донишкада дар самти экология, имконияти лабораторияҳои илмиву таълимӣ ва аз он ҷумла иштироки донишҷӯён дар таҷрибаомӯзӣ дар Донишгоҳи илмҳои табиии Норвегия низ маълумотҳо бо аксҳо пешкаш гардид.
Қайд карда шуд, ки ҳайати профессориву омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои иҷроиши нақша чорабиниҳои барномаҳои зикргардида, мунтазам корбарӣ намуда ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодаанд.
Дар ҷамъбасти тренинг ба саволҳои аз тарафи иштирокчиён вобаста ба маърӯзаҳо посухҳо дода шуд. Аз тарафи Мамадов И. қайд карда шуд, ки фаъолияти омӯзгорони фанҳои экология ва табиатшиносӣ барои рушди маърифат ва тарбияи экологӣ нақши муҳимро мебозад.