Иштироки кормандони Донишкадаи кӯҳи металлургии Тоҷикистон дар конфронси байналхалқӣ бахшида ба 2570 солагии зодрузи Конфутсий

Санаҳои  26.09. – 30.09.2019с. бо даъвати Донишгоҳи Конфутсияи Ҷумҳурии Мардумии  Чин, директори институти Конфутсий дар назди Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон – Розиқов З.А. ва сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии  донишкада –Муҳамадиев А.Н.  дар конфронси байналхалқӣ бахшида ба 2569 солагии зодрӯзи Конфутсий, ки дар шаҳри Куджои Хитой баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар кори конфронси мазкур  намояндагони донишгоҳҳои Ҷопон, Албания, Армения, Мадагаскар, Корея, Уганда, Олмон, Амрико, Фаронса ва дигарон иштирок намуданд. Намояндагони донишгоҳҳои олии кишварҳои дар боло зикршуда оид ба васеъ намудани ҳамкориҳои тарафайн дар доираи илм ва таълим баромад намуданд. Инчунин, Директори институти Конфутсия дар назди ДКМТ-Розиқов З.А. дар мавзӯи ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи Лоиҳаҳои байналмилалӣ маърӯза намуда қайд намуд, ки бо воситаи Лоиҳаҳои байналмилалӣ имконияти самараноки ҳамкориҳои дуҷониба метавон ҳамкориҳоро вусъат бахшид.

Сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ – Муҳамадиев А.Н. оид ба фаъолияти Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон баромад намуд.

Бояд зикр намуд, ки ҳангоми вохурӣ бо намояндагони  Донишгоҳҳои дар болозикршуда, масъалаи бастани Шартномаҳо оид ба  мубодилаи магистрҳо, аспирантҳо, роҳбарӣ ба корҳои илмӣ, интишори мақолаҳои илмии муштарак, оид ба ҳимояи дипломҳои MSc ва PhD дида баромада шуданд.

Дар ин замина, бо намояндагони донишгоҳи Макарери Уганда (Африқо) – профессор Гумошабе Гилберт  ва донишгоҳи технологии Нингбо (Хитой-) –профессор Ван Бо мулоқот намуда, Лоиҳаи Шартномаҳои тарафайн муфид баррасӣ  карда шуданд.  

 

 Сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

Муҳамадиев А.Н

Мутахассиси робитаҳои байналмилалӣ

Мирсаидова Ф.А.