ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ МЕТАЛЛУРГИЯ ДАР РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОДИ ҶДММ КМ ТТ “ТАҶПРОФ” ЛЕГА ГРУП

Ҷиҳати иҷро намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва иҷрои қарорҳои ҳайати мушовараи вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон ҷиҳати тадбиқ намудани илм дар истеҳсолот ҷори намудани системаи дуалии таълим раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон пайваста кӯшиш ба харҷ дода, чораҳои заруриро ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегии мамлакат “Саноатикунонии босуръати кишвар” ва “Солҳои рушди саноат” як силсила чорабиниву барномаҳоро роҳандозӣ кардаистодааст. Аз ҳамин лиҳоз тамоми кафедраҳои донишкада бо корхонаҳои саноатӣ ҳамкориро ба роҳ монда, талош менамоянд, то мутахассисони варзидаро ба бозори меҳнати ҷумҳурӣ бифиристанд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи супоришҳои сохторҳои болозикр моҳи ноябр бо намояндагони ҶДММ КМ ТТ “ТАҶПРОФ” ЛЕГА ГРУП дар донишкада муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин мулоқоти судманд сурат гирифта буд .
Ва аз ҳамон лаҳза самти ҳамкориҳо ҷоннок карда шуд, ки бар пояи ин равобит дирӯз хатмкунандагони ихтисосҳои металлургия ва технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ, мавод ва маҳсулот дар Рӯзи дарҳои кушоди корхонаи мазкур ширкат намуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки ин ҳамкориҳо бо ташаббуси декани факултети металлургия ва зеҳни сунъӣ олими ҷавон Шамсиддинов Шӯҳратҷон ба роҳ монда шудааст.