Моҳи ноябри соли 2022 аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист” барои мутахассисон, донишҷӯён ва журналистоне, ки дар самти экологӣ фаъолият мебаранд, конкурс дар мавзӯъи “Муаммоҳои глобалии экологӣ” эълон карда шуда буд. Аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон низ якчанд донишҷӯён барои иштирок дар ин озмун ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намуда буданд. Аз байни онҳо донишҷӯи кафедраи экология Мадаюбова О. аз тарафи комиссияи озмун интихоб гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот мудири кафедраи экология Ҳоҷибоев Далер иттилоъ дод.
Дар ин чорабинӣ Мадаюбова Озода фаъолона иштирок намуда аз номи Ташкилоти YGPE ва Сарраёсати ҲМЗ вилояти Суғд соҳиби сертификат гардид.
Дар давоми 4 рӯз 18 нафар иштирокчиён аз тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин тренинг иштирок намуданд ва ба онҳо вобаста ба муаммоҳои глобалии экологӣ, таъсири тағйирёбии иқлим, рушди иқтисодиёти сабз, шаҳри сабз, аз идея то амалӣ кардани мақсадҳо, муомилот бо партовҳои истеъмолӣ ва истеҳсолӣ ва муаммоҳои вобаста ба ифлосшавии об мутахассисони ташкилоти YGPE ва Сарраёсати ҲМЗ, инчунин дигар мутахассисони соҳа маърӯза намуданд.
Мувофиқи мақсади тренинг иштирокчиён аз донишҳои гирифташуда, бояд маърӯзаи худро доир ба масъалаҳои номбаршуда пешниҳод менамуданд.
Дар охирин рӯзи тренинг Мадаюбова Озода низ дар мавзӯъи “Оби тоза” баромад намуд ва аз тарафи ҳакамони озмун баҳои баландро сазовор гардид.
Иштироки донишҷӯи кафедраи экология дар ингуна чорабиниҳо тибқи нақша-чорабиниҳои кафедра доир ба “Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” амалӣ гардида истодааст.