ИШТИБОҲИ САЪДИИ ШЕРОЗӢ ДАР ШИНОХТИ НАҲЗАТИЁН

Дар ҳошияи мақолаи “Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус”

Шинохти мо ҳамеша аз инсоният замоне фаро мерасад, ки агар дар рӯзҳои вазнин дар паҳлӯямон бошад ва ё дар имтиҳони вазнин тобовар бошад. Ҳаргиз дар шинохти ин ё он гурӯҳе аз ҷамъият набояд саросема шуд ва асбоби қаробат сохт. Зеро ҳастанд нафароне, ки дар рӯ дигар хел ниқоб гирфитаанду дар дил дигар нақша доранд, ки зуд шинохтани онҳо мушкил аст.

Феълан коронавирус ё КОВИД-19 ба остони мо низ қадам ниҳод ва чӣ маҳшаре барпо мекунад маълум нест. Аммо як чиз маълум аст, ки миллати тоҷикро он дар мубориза бо КОВИД-19 нигоҳ медорад ва он ҳам бошад нангу номус ва ғурури тоҷик мебошад, хислати тоҷик мебошад. Ҳоло мо воқеан дар марҳалаи мушкили зиндагӣ қарор дорем, касе кафолат намедиҳад, ки фардо чӣ мешавад. Аммо миллати сарбаланди тоҷик мисли ҳамеша шикастнопазиру бошуҷоат аст ва ҳоло ҳам пешгӯйи менамоянд, ки ҳатман дар мубориза бо коронавирус пирӯз хоҳад шуд, ки ин як воқеияти бебаҳс мебошад.

Вале суоли матраҳ ин аст, ки чаро он нафароне, ки мехостанд худро “ғамхори миллат” муаррифӣ кунанд, чаро имрӯз бо миллат нестанд?

Чаро имрӯз ин тоифаи ба ном тоҷик ва дар асл бегоани бадкеши наҳзатӣ, душмани миллати тоҷик дар мушкили миллат табли шодӣ мезананд?

Чаро имрӯз ин ҳарзагӯён, ки худро “ғамхори миллат” меҳисобиданд дар паҳлӯйи миллат нест?

Чаро бо миллат нестанд?

Чаро имрӯз Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи  Садриддин аз мусибати миллат сӯистифода менамоянд?

Ҳамин ҳолат худ боз ҳам моро огоҳ менамояд, ки “ҳарозода ҳаргиз наравад раҳи одамӣ”, ки ин амалан дар мисоли наҳзатиён исботи худро ёфт. Мо боз ҳам шоҳиди номардӣ, ноҷавонмардӣ ва чоплусиву дурӯягии наҳзатиён гаштем. Мо боз ҳам дарк намудем, ки тибқи мисоли боло “ба хар ҳамон хар” аст.

Маълум шуд, ки Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи  Садриддин ба тоҷик ҳеҷ мансубияте надоранд ва асло тоҷик ҳам нестанд!

Тоҷик ҳаргиз дар мусибат табли шодӣ намезанад. Тоҷик ҳаргиз дар мушкили бародари худ, бо душмани вай дӯстӣ намекунад!

Ин бор ҳам наҳзатиёни палид, ки солҳои 90-уми асри гузашта  мардумро ба гумроҳӣ бурданду зиёда аз 160 000 қурбонӣ ба ҷо гузоштанд, исбот намуданд, ки ислоҳ нашудаанд ва ҳоло ҳам дар ниқоб ҳастанд ва бо тақдири миллат бозӣ мекунанд. Ҳоло ҳам дар хизмати хоҷаҳои хориҷиянд, ҳоло ҳам зархариду хоин ҳастанд.

Ҳатто барои мисол овардан аз аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар роҳи хиёнат бар миллат ва ҷамъият китобҳо басандагӣ намекунад. Зеро инҳо ҳамон террористоне ҳастанд, ки пас аз афв шуданашон ҳам дар қаламрави кишвар, то соли 2016 зиёда аз 30 амлаи террористӣ содир намудаанд.

Ин аст ҳақиқати наҳзатиёни ба ном “тоҷик”-у дар асл душмани миллат. Онон фаромӯш кардаанд, ки миллат ин ҳама номардиҳои наҳзатиёнро фаромӯш кардааст ва ба ҳамин хотир ҳоло бо эҳсосоти мардум бозӣ мекунанд, ки оқибати нек надорад. Зеро миллати тоҷик ҳаргиз душманашро намебахшад ва ҳатман қасди худро хоҳад гирифт ва он рӯз ҳам дур нест.

Муборизаи миллат бо коронавирус ба пирӯзӣ анҷом хоҳад ёфт. Ин давра ҳам мегузарад, лек миллат иддае бенангу ор ва беномусу бешарафро ҳаргиз нахоҳад бахшид.

Чунки ин беномусӣ ва ин номардии наҳзатиёни фирориро ягон нафар такрор намекунад, ки имрӯз ин ҳама аъзоёни ТТЭ ҲНИ мекунанд. Ин бешарафии наҳзатиёнро миллат намебахшад ва ҳатман хоҷагони хориҷиву ин ҳама зархаридонро посухи дандоншикане хоҳад дод.

Ҳолати кунунӣ нишон медиҳад, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар ҳақиқат ҳам хоин ва авбошпеша ба воя расидаанд ва асло одаму одамгариро намедонанд ва нангу номус ва ғурури миллӣ барояшон бегона аст, махсусан барои Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи  Садриддин.

Агар ин наҳзатиён заррае номус медоштанд, дар чунин рӯзи вазнини миллат сиёсатбозӣ мекарданд?

Дар чунин рӯзи сахт ва мушкил нияти гуроҳ кардани миллатро мекарданд?

Афсӯс, ки ин наҳзатиён дар рагу пайвандашон хоинӣ ва хиёнат ҷой гирифтаасту ба ҷуз хиёнат ва авбошӣ дигар чизеро намедонанд ва заррае ҳам аз мактаби одамгарӣ нагузаштаанд. Ҳарчанд Саъдии бузургвор “Бани одам аъзои якдигар аст” мегӯяд, аммо ин гуфтаи пири сухан бар наҳзатиёни хоин истисност ва ҳеҷ рабте надорад, зеро онон инсон нестанд, одам нестанд!

Меҳвар Абдусаломов

коршиноси масоили сиёсӣ