Агар ба таърихи навини миллати тоҷик бингарем, дармеёбем, ки чӣ қадар аз бепарвогӣ, бетарафии ҷомеа он солҳо гурӯҳҳои бадхоҳ ва душмани миллат сӯистифода кардаанд. Инро ҳатто метавон дар бисёр маводҳо ва ҳуҷҷатҳои таърихӣ мушоҳида кард ва бештари таърихнигорон бар ин нукта таваҷҷуҳ фармудаанд ва аз ин маълумотҳо дарёфтан мумкин аст, ки чӣ тавр гурӯҳҳои мазҳабгаро ва ноҳақ мардумро бо роҳи фиреб ба майдон кашиданд?
Аммо ин ҷо дар шакли нав ва он ҳам бо далелҳои қатъӣ ва бисёр ҳам амиқ офарандагони филми “Хиёнат”, ки мустанадест, дар радифи китобҳои таърихӣ ҳақиқатро баён доштаанд. Ҳатто аз як нуктаи барои миллат ноаён, ки то кунун барои парда бардоштан аз он олимон дар пажӯҳиш буданд, талоши бузурге анҷом шудааст.
Мақсад аз ёдкарди ин гуфтаҳо дар он аст, ки дар ҳақиқат он солҳо, пас аз истиқлолият ба даст овардани давлат бавуқӯъ пайвастаанд, мардум иштибоҳкорона ба даъвати гумоштаҳо ва зархаридони хориҷӣ ба майдон мерезанд ва ин гирдиҳамоиву майдоннишиниҳо, ки мақсадаш мағзшӯйӣ буд, оқибат ба ҷанги сартосарӣ оварда мерасонад, ки гунаҳкори аслӣ дар ин хунрезиву ҷангталабиҳо аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва ташкилдиҳандагони он буданд.
Албатта, маълум буд ки наҳзатиёнро хоҷагони хориҷияшон маблағгузорӣ мекарданд ва оқибат ба он оварда расонид, ки онҳо даст ба куштору ғоратгарӣ заданд ва кишварро хароб карданд. Зиёда аз 160 000 гурезаву зиёда аз 1 миллион гуреза аз ҷанги ташкилкардаи наҳзатиён бар алайшӯҳи миллат то кунун дар санадҳои таърихӣ ёд мешавад, ки ин албатта аз ҳамон бетарафӣ ва бепарвогиву содагиву зудбоварии мардум баромад. Вагарна кӣ будани наҳзатиён маълум буд ва ба онҳо бовар кардан ҳам аз ақли солим дуруст набуд. Аммо оқибат ин шуд, ки ҷанги тӯлоние дар кишвар ба вуҷуд омаду наҳзатиён бо зархаридону афсарони омодакардаи исломӣ ба ҷони миллат ҷабр намуданд ва кишварро ба хоку хун кашиданд.
Агар он рӯзҳо ҳамин зудбоварӣ ва содагии мардум намебуд, шояд ҳоло як муҳоҷири меҳнатӣ ҳам надоштем. Агар он рӯзҳо мардум бо наҳзатиён бовар намекарданд, шояд имрӯз як давлати абақудрати минтақаро доштем? Аммо кор бар ин шуд, ки миллат бар наҳзатиёни палид ва разилу хунхор имконият дод, то барояш ҷаҳаннамро дар он рӯзҳо бавуҷуд орад.
Гирдиҳамойӣ ва майдоннишинӣ, ки мақсадаш мағзшӯиву гумроҳсозист, бозори хиёнаткории наҳзатиёнро гамр карду оқибат ин палидон бо ёрмандии хоҷагони хориҷияшон даст ба хунрезии шаҳрвандони бегуноҳ заданд ва чандин сол миллатро гумроҳу сарсон карданд. Аммо аз ин ба мо чӣ фоида?
Алабба, ҳамчун шаҳрванд он гирди ҳам омаданҳо, майдоннишастанҳои солҳои 90-умро ба кулли маҳкум намуда, ба насли ҷавон гуфтанӣ ҳастам, ки аз фоҷиаву даҳшати он рӯзҳо сабақ омӯзанд ва зиракии сиёсии хешро аз даст надиҳанд.
Дилмуроди Вафо
таҳлилгар, ДКМТ