ИХТИЛОФИ СУБҲАВУ ЗУННОР БОИСИ МОҶАРОСТ

Вақте соли 1996 ба ҳафтумин солгарди реҳлати Имом Ҳумайнӣ сафари Ҷумҳурии Исломии Эрон доштам, нафарони ботаасубу ифротгарои диниро дида ангушти ҳайрат газидам. Дар маросими мотам бо занҷирҳо зарба зада бадани худро хуншор мекарданд. Сурати Имом Ҳумайнӣ дар биноҳо овезон ва издиҳом ҳамоно суи марқад шитоб дошт. Пиру барно, марду зан як намуд либоси сияҳ доранд. Азодорӣ чунин ойин доштааст.

Хуб, мо дар суҳбат бо аҳли илм аз пешрафтҳои  Тоҷикистон ҳарф мезадему ба хотири забони форсии муштарак  табли шодӣ менавохтем, ки ба дидори ҳаммиллатон расидем.

Аммо бо гузашти айём дарк намудем, ки ин ҳама равуоҳоро дастаи ҷосусони   Сипоҳи посдори инқилобии исломии Эрон ба нафъи хеш истифода намуда, тадриҷан ғояҳои мазҳаби шиаи дини исломро паҳн мекардааст. Аз ин амали онҳо оташи нафрати мо боло гирифт.

Вагарна, мо ба нияти холис, то аз таҷрибаи таълими мутахасисони соҳаи нафту газ ва дуруст истифода бурдани истилоҳҳои соҳаи саноати коркарди куҳӣ бархурдор шудан, домани ҳамкориро густурда карданӣ будем. Аз афташ, дар қаламрави худи Эрон ҳам зиёиёни техникӣ аз найрангҳои кормандони ин мақоми қудратӣ- Сипоҳи посдори инқилобии исломии Эрон ба танг омадаанд.

Воқеан, вақте баҳси мазҳабу дини бегона ба ҷои баҳси илмию техникӣ боло мегирад, ихтилофи назар пайдо мешавад. Ба чунин моҷароҳои динӣ ва таблиғи мазҳаби бегона ба ҷузъ ангушти надомат, муроде ҳосил намешавад. Сармоягузорӣ ба дастаҳои террористӣ не, балки барои аз худ намудани қуллаҳои дониши техникӣ намуд. Дар он сурат мо ба як ҳадафи дустона ва харйрхоҳ расида метавонем.

 

З.Орипов, омузгори ДКМТ