ИХЛОСУ ХАЛОС: КСИР ВА ТЭТ ҲНИ

Мегӯянд, ба мазору қадамҷои афроди муътабари исломӣ, ки дар шаҳру ноҳияҳо зиёданд, муътақид буда   бовар дорад, ки рӯзе хушбахт мешавад ва ба ин хотир, онҳоро зиёрат мекунаду кулчаи “худоӣ” тақсим мекунад. Ҳатто чаҳоршанбеҳо аз рӯзҳои хосаи  он тоифа аз мардум аст, ки ба ин маконҳо на танҳо барои сайёҳат, балки барои хайру садақа ва талаби хушбахтӣ ва амалӣ шудани орзуҳои худ мераванд.

Дар водии Зарафшону Фарғона садҳо  мазору оромгоҳҳои шахсиятҳои исломӣ мавҷуд аст, ки маъруфтарини онҳо мазори Хоҷа Муҳаммади Башоро дар деҳаи Мазори Шарифи шаҳри Панҷакент мебошад. Барои дуою фотеҳа одамони гуногунақида меоянд.

Оромгоҳи Зайнулобиддин, дар ноҳияи Дӯстӣ воқеъ дар 160-километрии ҷануби Душанбе низ рӯзҳои чаҳоршанбе серодам мешавад. Зоирон аксаран онҳое ҳастанд, ки дар зиндагӣ хостаҳои худро доранд ва бар ин боваранд, ки дуои талаби фарзанд аз мазори шахсиятҳои мӯътабар, орзуҳои онҳоро амалӣ месозад.

Дар зиёратгоҳҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистон афроде мушоҳида мешавад, ки дар баробари зиёрат, талаби худро аз мазору оромгоҳҳо доранд. Бархе бар мазор латта ё риштае аз пироҳани худро мебанданд ва шуморе бо бӯсидани санги мазор садоқати худро ба майит нишон медиҳанд ва иддае ҳам канори оромгоҳ оташ афрӯхта, чорво қурбонӣ мекунанд.

Аз назари эътиқодмандони ин амал, бастани пора ё ресмоне аз пираҳан ба ин маъност, ки нафари ниёзманд мехоҳанд ноумедияшро дар ин оромгоҳ гузорад ва шоду масрур ба хона баргардад ва зиндагии шод ва хубе дошта бошад.

Ин ҳолати осебпазирии мардумро ба назар гирифта пайравони ТТЭ ҲНИ онҳоро ба роҳи дини радикалӣ талқин мекунанд.

Инак, санаи 8 апрели соли равон президенти ИМА Доналд Трамп расман эълон намуд, ки минбаъд ҳукумати кишвараш Сипоҳи посдорони Эронро ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф хоҳад намуд. Трамп изҳор намудааст, ки ҳукумати Эрон ташкилоти номбурдаро барои амалӣ гардонидани сиёсати иғвогаронаи худ истифода мебарад. Инчунин, ӯ зикр намудааст, ки Сипоҳи посдорони Эрон терроризмро чун воситаи амалӣ намудани сиёсати давлат истифода мекунад ва онро маблағгузорӣ менамояд. Маблағгузории ТЭТ ҲНИ аз тарафи Сипоҳи посдорони Эрон метавонад гуфтаҳои болоро тасдиқ намояд. Мувофиқи маълумоти сомонаи интернетии centrasia.ru Эрон дар воқеаҳои соли 2015 дар Тоҷикистон, ки чун кӯшиши як гурӯҳи террористӣ ва экстремистӣ барои ғасби ҳокимият дониста мешавад, даст дорад. Ин сомона изҳор доштааст, ки Эрон барои гузаронидани табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистон 1 млн. 200 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ сарф намудааст.

Акнун ТТЭ ХНИ ба кӣ ихлос мекарда бошад?

 

Д. Ҳоҷибоев, омузгори ДКМТ